Нахустин филми ҳаҷвии кӯдакона дар даврони Истиқлол Соли Нав намоиш дода мешавад

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Дар назар аст, ки то соли нави милодӣ нахустин филми ҳаҷвии кӯдакона дар замони истиқлол бо номи кории “Зодрӯз муборак” пешкаши тамошобинон карда шавад.Дар ин бора ба “Азия плюс” Осими Орифпур директори филми мазкур  иттилоъ дод.

Ин филм дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Шаҳристон давоми моҳҳои август ва сентябр соли равон  наворбардорӣ гардида, ҳоло танзим ва банду басти он идома дорад.

“Нақша дорем, ки то соли нави милодӣ  филмро  омода карда, пешкаши тамошобинон намоем, агар ки  бо сабаби пандемия  баргузории чорабиниҳо  дар толорҳо манъ  карда нашавад” гуфт Осими Орифпур

Дар ин филм  ҳунармандони саршиноси кишвар Насриддини Нуриддин, Нисо Муҳаммадҷонова ва чеҳраҳои нав  ба монанди Абдураҳмон Ғаниев, Фарида Иброҳимова, Ромиши Яздон, Фахриддин Файзиев ва дигарон нақшҳои асосиро иҷро кардаанд. Сенарияи филм аз ҷониби адиби варзидаи адабиёти кӯдак дар Тоҷикистон Азизи Азиз  навишта шудааст. 

Ӯ дар суҳбат ба "Азия плюс" гуфт, пас аз филми “Об аз куҷо меояд”, ки ба қалами Аминҷон Шукӯҳӣ таалуқ дорад,  ҳам дар замони Шӯравӣ ва ҳам дар замони Истиқлол дигар филми ҷолиби кӯдаконаро, махсусан барои нафарони то 10-сола надидам.

“Воқеан ҳам дар замони соҳибистиқлолии кишвар ягон филми ҷолиби ҳаҷвии кӯдаконаро надидам. Пас аз як вохӯрӣ бо сокинони яке аз минтақаҳои Тоҷикистонва изҳори нигаронии онҳо аз набудани филмҳо кӯдакона ба андеша афтодам ва фикри навиштани сенария пайдо шуд. Сенарияро  навишта,  ба коргардон Ромиши Яздон пешниҳод кардам. Баъдан  дар ҳамкорӣ бо коргардон сенарияро тарқрибан 20 маротиба бо назардошти тағйир наёфтани мазмуну мӯҳтаво ва ҷолиб баромдани филм таҳрир кардем ”,-гуфт Азизи Азиз.

Ромиши Яздон коргардони ин филм мегӯяд, албатта дар бораи чи гуна қабул кардани он аз ҷониби тамошобинон  пешакӣ чизе гуфтан душвор аст, аммо кӯшиш кардем, ки филми хубе омода кунем.

“Мо умед ва бовар дорем, ки филми ҷолибу диданӣ гардида аз тарафи бинандагон хуш пазируфта мешавад, зеро ки он ҳам ҳаҷвӣ ва  ҳам кӯдакона аст. Аз тарафи дигар  солҳои охир қариб ки ин гуна филм дар  ҷумҳурӣ ба навор гирифта нашуда, фазо холӣ аст. Ба интихоби  ҳунармандон низ аҳамияти ҷиддӣ  дода, бо машварати ҳайъати  гурӯҳи корӣ тавассути кастинг актиёрони хубро интихоб кардем”,-илова кард Ромиши Яздон

Филм хусусияти тарбиявӣ дошта, мавзӯи он  ростқавлӣ ва аз таҳсил дур намондани кӯдакону наврасонро дар бар мегирад.  Қаҳрамони асосии филм Диловар барои он ки ба мактаб наравад дурӯғе мебофад ва ин дурӯғи он дар охир моҷароҳои зиёдеро дар хонаводаю мактаб ва ҳатто дар шаҳр ба вуҷуд меорад. Дар охир қаҳрамони филм  хатоии  худро мефаҳмад ки набояд дурӯғ гуфт.

Бояд таъкид намуд, ки филми мазкур  бо дастгирии ширкатҳову соҳибкорон ва як гурӯҳ ҷавонони эҷодкор дар ҳамкорӣ бо телевизиони маҳаллӣ дар Хуҷанд таҳия гардидааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.