Ба меҳмонхонае, ки сохтмонаш тӯл кашид, боз имтиёз доданд

Фармоишгарон ва паймонкорону кулли сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор дар маркази Душанбе, ки сохтмонаш аллакай 15 сол инҷониб идома дорад, соли 2021 боз ба имтиёзҳо аз пардохти андоз соҳиб мешаванд. Иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои фармоишгар ва паймонкори кулл, аз ҷумла аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда […]

Фармоишгарон ва паймонкорону кулли сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор дар маркази Душанбе, ки сохтмонаш аллакай 15 сол инҷониб идома дорад, соли 2021 боз ба имтиёзҳо аз пардохти андоз соҳиб мешаванд.

Иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои фармоишгар ва паймонкори кулл, аз ҷумла аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд, қайд мешавад дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021.

Соли оянда танҳо ба фармоишгарон ва паймонкорони сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои тиббӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ низ чунин имтиёзҳо дода мешаванд.

Маросими оғози сохтмони меҳмонхона 15 марти соли 2006 бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, яъне имсол метавон 15-солагии оғози сохтмонро таҷлил намуд. Он замон буҷаи умумии сохтмон 30 миллион доллар ҳисоб карда шуд.

Иншооти мазкур дар хиёбони марказии Рӯдакии пойтахт ҷойгир буда, масоҳати он 1,5 гектар аст. Интизор меравад, ки бинои меҳмонхона аз 350 ҳуҷра бо масоҳати умумии 20 ҳазор метри мураббаъ иборат хоҳад буд.

Нахуст зикр гардида буд, ки сохтмони иншоот дар муддати якуним сол пурра ба охир мерасад, лекин 15 сол инҷониб идома дорад.

Фармоишгари иншоот ҷамъияти саҳҳомии «Доллмарк Лтд», ки дар Ҷазираҳои Бритониёии Вирҷиния ба қайд гирифта шудааст ва паймонкори кулл – «Beijing Foch Mechanical Equipment Installation Engineering Co., Ltd»-и Чин мебошанд.

Раҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ тобистони соли гузашта итминон дода буд, ки иншоот соли 2020 ба истифода дода мешавад.

“Бунёди сохтори бино пурра ба анҷом расида, танҳо корҳои андова ва пардоз боқӣ мондаанд. Бовар дорам, ки то соли оянда сохтмони иншооти мазкур пурра ба итмом мерасад”, – гуфта буд он замон роҳбари Кумита Ҷамшед Аҳмадзода.

Моҳи ноябри соли гузашта дар меҳмонхонаи сохтмонаш нотамом сӯхтор сар зада, сабаби онро баъдан “истифодаи нодурусти барқ аз ҷониби бинокорон” унвон карданд.

Моҳи майи соли ҷорӣ бо қарори ҳукумат ба Хадамоти гумрук дастур дода шуд, ки “анҷоми расмиёти гумрукӣ ва назорати истифодаи мақсадноки молу масолеҳеро, ки барои сохтмони иншооти дар боло зикршуда ворид карда мешаванд, таъмин кунад”.

Ҳамасола бо қарори ҳукумат мутобиқи қонун “Дар бора буҷет” номгӯи муайяни молу маҳсулоте, ки дар соли дахлдор бо имтиёз барои сохтмони ин меҳмонхона ворид карда мешаванд, тасдиқ мегардад.

Сабаби даҳсолаҳо тӯл кашидани сохтмони меҳмонхонаро маҳз ба тасдиқи номгӯйи имтиёзноки масолеҳи сохтмон, таҷҳизот ва дигар маҳсулот рабт медиҳанд. Шахсони наздик ба соҳаи сохтмон тасдиқ мекунанд, ки аз ҳисоби молу маҳсулоти гаронарзиши воридкарда барои сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор пули зиёд метавон ба даст овард, зеро қариб бепул гузаронидани он аз сарҳад, онҳоро дар бозор бидуни рақобат мегузорад.

Аммо, аз ҷумла ин гуфтаҳо ва сабаби ба даҳсолаҳо тӯл кашидани сохтмони меҳмонхона ба ҳеҷ гунае аз ҷониби сохторҳои расмӣ шарҳ дода намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.