Cабаби сӯхтор дар меҳмонхонаи Исмоили Сомонӣ муайян шуд

Сабаби сар задани сӯхтор дар меҳмонхонаи сохтмонаш нотамоми “Исмоили Сомонӣ” дар Душанбе истифодаи нодурусти нерӯи барқ мебошад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Кароматулло Абдуллоев, котиби матбуотии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД хабар дод. “Субҳи 4-уми ноябр ҳангоми иҷрои корҳои сохтмон дар меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” сӯхтори начандон калон сар зад. Оташ тақрибан 200 метри мураббаъро фаро […]

Сабаби сар задани сӯхтор дар меҳмонхонаи сохтмонаш нотамоми “Исмоили Сомонӣ” дар Душанбе истифодаи нодурусти нерӯи барқ мебошад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Кароматулло Абдуллоев, котиби матбуотии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД хабар дод.

“Субҳи 4-уми ноябр ҳангоми иҷрои корҳои сохтмон дар меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” сӯхтори начандон калон сар зад. Оташ тақрибан 200 метри мураббаъро фаро гирифт. Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор истифодаи нодурусти қувваи барқ аз сӯйи бинокорон аст”, – хабар дод Кароматулло Абдуллоев.

Ба гуфтаи Абдуллоев, сӯхтор соати 10:55 ба амал омада, 12 автомашинаи сӯхторнишонӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.

“Оташ дар фурсати кӯтоҳ хомӯш карда шуда, ҳеҷ касе аз бинокорон осеб надид. Ба муайян кардани ҳаҷми зиён аз сӯхтор комиссияи махсус машғул аст”, – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки бунёди меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” ҳамасола аз пардохтҳои андоз ва гумрук озод карда мешавад.

Бунёди иншооти мазкур беш аз 13 сол инҷониб ҷараён дошта, тибқи нақша бояд соли 2020 ба истифода супорида шавад.

Машғули сохтмони ин меҳмонхона ширкати холдингии “Исмоили Сомонӣ – асри 21” буда, фармоишгари он Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ мебошад.

Маросими оғози бунёди ин меҳмонхонаи панҷситорадор 15-уми марти соли 2006 доир гардид. Он замон буҷаи умумии сохтмон 30 миллион доллар ҳисоб карда шуд.

Иншооти мазкур дар хиёбони марказии пойтахт ҷойгир буда, масоҳати он 1,5 гектар аст. Интизор меравад, ки бинои меҳмонхона аз 350 ҳуҷра бо масоҳати умумии 20 ҳазор метри мураббаъ иборат хоҳад буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.