Бо қатора то Шерхон Бандар. Роҳи оҳан Тоҷикистону Афғонистонро мепайвандад

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи созишнома бо ҳукумати Афғонистонро оид ба сохтмони хати роҳи оҳан, ки ду кишварро мепайвандад, маъқул шуморид. Дар қарори қабулшудаи ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, хати роҳи оҳан аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Колхозобод) то Панҷи Поён (Тоҷикистон) ва сипас то Шерхон Бандари Афғонистон мегузарад. Дар санад ба вазири нақлиёт дастур дода шудааст, созишномаро аз […]

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи созишнома бо ҳукумати Афғонистонро оид ба сохтмони хати роҳи оҳан, ки ду кишварро мепайвандад, маъқул шуморид.

Дар қарори қабулшудаи ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, хати роҳи оҳан аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Колхозобод) то Панҷи Поён (Тоҷикистон) ва сипас то Шерхон Бандари Афғонистон мегузарад.

Дар санад ба вазири нақлиёт дастур дода шудааст, созишномаро аз номи ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расонида, дар зарурат ба матни он тағйиру иловаҳое ворид созад, ки хусусияти усулӣ надошта бошанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ бо тартиби муқарраршуда бояд бо ҷониби Афғонистон замон ва макони имзои ин Созишномаро мувофиқа кунад.

Муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзозода тобистони соли ҷорӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки Тоҷикистону Афғонистон дар мавриди бунёди роҳи оҳан, ки дар навбати худ онҳоро бо Туркманистон мепайвандад, тавофуқ ҳосил кардаанд.

Ӯ зикр карда буд, ки гурӯҳи кории муштараки махсуси Тоҷикистону Афғонистон ба корҳои омодасозии созишномаи дахлдор машғул аст.

Муовини аввали вазир гуфта буд, ки дар қаламрави Афғонистон хатсайри мувофиқашуда тариқи маҳаллаҳои аҳолинишини Шерхон Бандар – Кундуз – Мазори Шариф – Шибирғон – Андхой – Оқина мегузарад.

Шохаи роҳи оҳани мазкур дар доираи Ёддошт дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон –Туркманистон, ки онро сарони се кишвар ҳанӯз моҳи марти соли 2013 имзо карда буданд, сохта мешавад.

Он замон Тоҷикистон ният дошт, ки тариқи ин шоха ба роҳҳои оҳани байнулмилалӣ бидуни убури қаламрави Ӯзбекистон даст ёбад. Раҳбарияти кишвари ҳамсоя он вақт бо баҳонаҳои гуногун ба ҳаракати қатораҳои боркаши Тоҷикистон монеа эҷод мекард.

Навбати аввали ин роҳ Отамурод-Имамназар (Туркманистон) – Акина (Афғонистон) охири соли 2016 бо иштироки сарони ду кишвар ба истифода дода шуд.

Аммо дар интихоби хатсайри роҳ аз Афғонистон ба Тоҷикистон байни ҳукуматҳо баҳс вуҷуд дошт: Тоҷикистон хати кӯтоҳтар (160 км) ва Афғонистон нисбатан тӯлонитар (500 км)-ро пешниҳод мекарданд.

Ҷонибҳо дар натиҷа созиш кардаву санади дахлдор ба имзо расониданд. Соли 2014 онро барои имзо ба ҳукумати Туркманистон пешниҳод карданд.

Лекин ҳукумати Туркманистон бо сабабҳои номаълум санади амалисозии минбаъдаи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистонро маъқул нашуморид.

Охири соли 2017 ҷониби Туркманистон идомаи лоиҳаро маъқул донист, вале бо омадани роҳбари нави Ӯзбекистон ва беҳбуди муносибатҳо байни кишварҳо, Тоҷикистон аллакай ба сохтмони ин роҳи оҳан манфиатдор набуд.

Рӯзи 20-уми сентябри соли 2018 дар мусоҳибаи нашрияи “Коммерсант” сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Ашӯрбойзода оид ба масъалаи рушди долонҳои транзитии нақлиётӣ дар Ӯзбекистон зикр кард, ки беҳбуди муносибатҳо бо ин ҳамсоякишвар Душанберо водор намуд, ки нақшаи бунёди роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистонро “то замони беҳтар мавқуф гузорад”.

Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон дар навбати худ зикр кард, ки аз изҳороти сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Ашӯрбойзода дар мавриди мавқуф гузоштани сохтмони ин роҳи оҳан дар тааҷҷуб аст.

Қайд шуда буд, ки шарҳу тавзеҳҳои ҷониби Туркманистон оид ба изҳороти мазкур бо тартиби расмӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон расонида шудааст.

Ин масъала охири моҳи октябри соли гузашта зимни баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар Душанбе ҳал шуд.

Он замон ҷонибҳо дар мавриди суръатбахшӣ ба сохтмони хати роҳи оҳан тариқи қаламрави Афғонистон, ки ду кишварро мепайвандад, ба мувофиқа расиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.