Тааҷҷуби Туркманистон аз изҳороти дипломати тоҷик оид ба лоиҳаи муштараки сохтмони роҳи оҳан

Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон аз изҳороти сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Ашӯрбойзода дар мавриди мавқуф гузоштани сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон “то вақтҳои беҳтар” дар тааҷҷуб аст. “Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон ба ҷониби Тоҷикистон дар робита ба изҳороти сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Ашӯрбойзода дар мавриди “то рӯзҳои беҳтар мавқуф гузоштани” сохтмони […]

Наим Халимов

Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон аз изҳороти сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Ашӯрбойзода дар мавриди мавқуф гузоштани сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон “то вақтҳои беҳтар” дар тааҷҷуб аст.

“Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон ба ҷониби Тоҷикистон дар робита ба изҳороти сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Ашӯрбойзода дар мавриди “то рӯзҳои беҳтар мавқуф гузоштани” сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон нофаҳмӣ изҳор мекунад”, – омадааст дар маълумоти сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон.

Қайд мешавад, ки шарҳу тавзеҳҳои ҷониби Туркманистон оид ба изҳороти мазкур бо тартиби расмӣ ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон расонида шудааст.

Рӯзи 20 сентябр дар мусоҳиба ба нашрияи “Коммерсант” оид ба масъалаи рушди долонҳои транзитии нақлиётӣ дар Ӯзбекистон Ашӯрбойзода зикр кард, ки беҳбуди муносибатҳо бо Ӯзбекистон Тоҷикистонро водор намуд, ки ақидаи сохтмони роҳи оҳан аз Туркманистон то Тоҷикистон тариқи шимоли Афғонистонро “то вақтҳои беҳтар мавқуф гузорад.

Дастрас кардани шарҳи масъала аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд.

Охири соли 2015 Бонки осиёгии рушд изҳор дошт, ки ба як муддати номуайян аз дастгирии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон ба иллати ноамнии вазъ дар қаламрави Афғонистон худдорӣ меварзад.

Қобили зикр аст, ки қаблан БОР барои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи ин роҳи оҳани оянда 9 млн. доллари ИМА воситаҳои грантӣ ҷудо карда буд.

Ёддошт дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон моҳи марти соли 2013 аз ҷониби сарони ин се кишвар ба имзо расид. Маблағгузорӣ ба амалисозии лоиҳаро Бонки осиёгии рушд амалӣ карданист.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.