Писари генерали занашро қатлкарда қисман ба гуноҳаш иқрор шуд

Бобоҷон Ширинов, ки моҳи июни соли равон ҳамсари 33-солаи худро бо бераҳмии махсус ба қатл расонид, дар мурофиаи судӣ қисман ба гуноҳаш иқрор шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Аҳлиддин Ятимов, падари марҳум Моҳира Ятимова хабар дод. Баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Бобоҷон Ширинов мутобиқи моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) […]

Бобоҷон Ширинов, ки моҳи июни соли равон ҳамсари 33-солаи худро бо бераҳмии махсус ба қатл расонид, дар мурофиаи судӣ қисман ба гуноҳаш иқрор шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Аҳлиддин Ятимов, падари марҳум Моҳира Ятимова хабар дод.

Баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Бобоҷон Ширинов мутобиқи моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) аввали ҳафтаи гузашта дар суди шаҳри Душанбе оғоз гардид.

“Дар ҷараёни тафтишот Ширинов пурра ба гуноҳаш иқрор шуда, лекин бо ишора ба аз хотир баровардани баъзе ҳолатҳо худро қисман гунаҳкор медонад, ҳарчанд ташхиси пеш аз суд ӯро пурра солим дониста буд” – иброз дошт Ятимов ва илова намуд, ки айни замон суд асосан шоҳидони фоҷеаро бозпурсӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаи куштори Моҳира Ятимоваи 33-соларо ба итмом расонида, онро ба баррасии суди шаҳри Душанбе фиристод.

Дар содир намудани ҷиноят собиқ шавҳари марҳум Бобоҷон Ширинов айбдор дониста мешавад, ки нисбаташ мутобиқи моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.