Нахустин иртиботи телекомуникатсионии “Чат-Бот”-и Tcell дар Telegram

Ширкати Tcell омӯзишу роҳандозии фанноварии ҷадиду муосирро дар бозори Тоҷикистон идома дода, барои рушду такомули ин абзорҳои технологияи иноватсионӣ  кӯшиш менамояд. Тасмими дигар ва ё қадами нави ширкат дар ин ҷода роҳандозии иртиботи муштарӣ бо оператори мобилӣ тавассути паёмрасон (мессенҷер)-и Чат-бот дар шабакаи иҷтимоии Telegram мебошад, ки он ба шеваи худкор (автоматикӣ) хизматрасонии корбарро анҷом […]

Ширкати Tcell омӯзишу роҳандозии фанноварии ҷадиду муосирро дар бозори Тоҷикистон идома дода, барои рушду такомули ин абзорҳои технологияи иноватсионӣ  кӯшиш менамояд. Тасмими дигар ва ё қадами нави ширкат дар ин ҷода роҳандозии иртиботи муштарӣ бо оператори мобилӣ тавассути паёмрасон (мессенҷер)-и Чат-бот дар шабакаи иҷтимоии Telegram мебошад, ки он ба шеваи худкор (автоматикӣ) хизматрасонии корбарро анҷом медиҳад! Чат-бот аллакай ба муштариёни зиёде барои дастрас кардани маълумот оиди хидматрасониҳо, тарофа ва ҳатто ҷойи кор дар ширкати Tcell иттилоъ пешниҳод кардааст.

Паёмрасон (мессенҷер)-иTelegram рӯз аз рӯз доираи бештари корбаронро фаро мегирад.    Ҳамаи ин бо шарофати каналҳои ҷолиб ва ироаи боэътимоди паёмҳо, инчунин чатбот фароҳам омадааст. Telegram-бот — барномаи вижаест, ки ба таври худкор ва фармони додашуда фаъолият мекунад: иттилоъ пешниҳод месозад, ба пайванду нишониҳои интернетӣ роҳнамойӣ мекунад ва амалҳои дигарро ба сомон мерасонад. 

Tcell Чат-бот дар асос ва пояи ҳалли мушкилот роҳандозӣ гардида, на ба таври радду бадал (мукотиба), балки бо шеваи интихоби иқдом кор мекунад. Дар менюи асосӣ барои муштарӣ чунин хидматрасониҳои ёрирасон дар шохисҳои:  «Тарифаҳо», «Хидматрасониҳо», «Манобеъ», «Интернет», «МАълумоти инфиродӣ», «Пурра кардани тавозун», «Идора (дафтар)-ҳо дар харита», «Роуминг», «Аксияҳо», «Барномаҳои мобилӣ», «Мағоза» ва «Ҷойи кор» ҷо дода шудаанд.  

Ҳангоми интихоби намуди хидматрасонӣ, ки ба муштарӣ зарур аст, Чат-бот куллияи маълумоти даркориро дар ин бахш дар даричаи гуфтугӯ пешниҳод месозад ва ҳама фармонҳоро амалӣ менамояд: пайваст/хомӯш кардани тарофа, опсия ва ё хизматрасонӣ, фармони тафтиши тавозун ва ё боқимондаи мегабайтҳои интернет. Дар сурати зарурӣ, Чат-бот сомонаи расмии ширкатро бо маълумоти бештар боз менамояд ва ё нишониро барои боргирии барномаҳои «Мой Tcell» и «Чи Гап» дар App Store ва Google Play ба муштарӣ медиҳад.

Аснои боз намудани «Идораҳо дар харита», бот макони будубоши шуморо муайян карда, суроғаи наздиктарин маркази хидматрасонии ширкати Tcell-ро ирсол менамояд.

Истифодаи Tcell Чат-бот ҳамчунон содда аст, тавре ки бо дӯстатон мукотиба менамоед: бот дар давоми чанд сония кулли маълумоти заруриро бароятон медиҳад.  

«Мо медонем, ки муштарӣ на ҳама вақт метавонад аз сомона истифода барад ва ё ба хадамоти ёрирасон (дастгирӣ) муроҷиат кунад, ин дар ҳолест, ки аксари корбарону муштариён ба паёмрасонҳои Viber, Telegram ва ғайра дастрасӣ доранд. Дар ҳама ҳолат: дар хона, ҷойи кор, аснои сайругашт муштарӣ метавонад вақти зиёдашро дар ҷустуҷӯи шабакаи Интернет сарф накарда,  тавассути Тcell Чат-бот маълумоти заруриро ба даст биёрад. Бовар дорем, ки Чат-бот воқеъан кори муштариёни моро осонтар хоҳад кард”,- мегӯяд Озодхон Давлатшоев, директори генералии ширкати    Tcell.  

Барои кор бо чат-боти Tcell ба нишонии https://t.me/tcellchat_bot ва ё ҷустуҷӯи паёмрасони Telegram муроҷиат карда, истилоҳи @tcellchat_bot –ро нависед.

___________________

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.