Бекор шудани чорабиниҳои идонаи солинавӣ дар Хуҷанд

Рӯзи 29 ноябр дар Хуҷанд ба хотири ёдбуди овозхони саршиноси тоҷик Кароматулло Қурбонов, ки соли 1992 кушта шуд, бояд консерт баргузор мешуд, лекин дар лаҳзаи охир, ки ҳаводорони сароянда аллакай назди даромадгоҳи Кохи Рӯдакӣ ҷамъ омада буданд, баргузории он бекор шуд. Мардуми ҷамъомада аз он изҳори норозигӣ кардаанд, ки аз бекор шудани консерт чанд лаҳзае […]

Рӯзи 29 ноябр дар Хуҷанд ба хотири ёдбуди овозхони саршиноси тоҷик Кароматулло Қурбонов, ки соли 1992 кушта шуд, бояд консерт баргузор мешуд, лекин дар лаҳзаи охир, ки ҳаводорони сароянда аллакай назди даромадгоҳи Кохи Рӯдакӣ ҷамъ омада буданд, баргузории он бекор шуд.

Мардуми ҷамъомада аз он изҳори норозигӣ кардаанд, ки аз бекор шудани консерт чанд лаҳзае пештар аз оғози он хабар додаанд.

Яке аз ташкилкунадагони консерт сароянда Субҳиддини Раҷабзод дар суҳбат ба Радиои Озодӣ изҳор доштааст, ки ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус баргузории консертро бекор кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, намояндагони Раёсати маҳаллии тандурустӣ пеш аз баргузории консерт аз ин қарор огаҳӣ ёфтаанд. Фуруӯши билетҳои консерт ҳанӯз як моҳ пеш оғоз гардида буд.

Абдумавлон Абдуллозода, роҳбари Маркази назорати санитарӣ-эпидемиологии вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки қарори бекор шудани ҳамаи чорабиниҳои оммавӣ дар вилоят рӯзи 28 ноябр эълон шуда буд.

“Ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят ҳамон рӯз дар ин бора огоҳ карда шуданд. Ташкилкунандагони чорабинӣ барои огоҳ намудани шахсоне, ки ба консерт билет харида буданд, вақт доштанд”, – иброз дошт Абдуллозода.

Дар дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд тасдиқ намуданд, ки бо қарори ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо пандемия ҳамаи чорабиниҳои оммавии идонаи солинавӣ дар шаҳр, аз ҷумла дар мактабу кӯдакистонҳо низ манъ шуд. Имсол дар майдони марказии шаҳр арчаи солинавӣ гузошта намешавад.

“Ҷашни Соли нави мелодиро метавон танҳо дар доираи аҳли оилаи худ таҷлил кард”, – гуфтанд дар шаҳрдорӣ.

Ёдрас мекунем, ки қаблан бо қарои ситоди ҷумҳуриявӣ ва шаҳрдории пойтахт, бар асари пандемияи коронавирус таҷлили Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон манъ шуда, арчаи солинавӣ низ дар Душанбе гузошта намешавад.

То шоми 1 декабр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 12 ҳазору 194 нафарро ташкил дод.

 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.