Тоҷикистон Соли навро ҷашн намегирад: мавҷи дуюми коронавирус

Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон ба далели хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19 таҷлили Соли нави мелодии 2021-ро дар кишвар манъ кард. Дар қароре, ки ин Ситод содир кардааст гуфта мешавад: “Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати […]

Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон ба далели хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19 таҷлили Соли нави мелодии 2021-ро дар кишвар манъ кард.

Дар қароре, ки ин Ситод содир кардааст гуфта мешавад: “Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ карда шавад”.

Ин Ситод ҳамаи шаҳрвандонро бори дигар ба риояи қоидаҳое беҳдоштии инфиродиву ҷамъӣ даъват карда, гуфтааст, ки машварату тавсияҳои табибонро қатъан риоя кунанд.

Дар қарори Ситод сайругашти мардум дар боғҳои тафреҳӣ ва гулгашту хиёбонҳо танҳо  бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, доштани ниқобҳои муҳофизавӣ ва риоияи қатъии фоисалаи иҷтимоӣ иҷозат дода шудааст.

Ситод Вазорати тандурустиву Вазорати корҳои дохилиро муваззаф кардааст, ки бо ҳукуматҳои маҳаллӣ “масъалаи бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд”.

Ҳамчунин аз Вазорати корҳои дохилӣ хоста шудааст, ки барои пешгирӣ фаъолияти нозирони минтақавиро тацвият диҳаду чораҳои иловагӣ биандешан.

Дар ин қарор бори дигар аз вазоратҳои тандурустӣ ва илму маориф назорати қатъии риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар боғчаву мактабу донишгоҳҳо талаб шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".