Барфу сардӣ раиси нави Хуҷандро субҳи барвақт ба кӯча кашонд

Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори тозатаъини Хуҷанд корашро аз ошно шудан ба вазъи роҳҳои шаҳр барои зимистон оғоз кардааст. Дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд бо нашри чанд акс дар ин бора иттилоъ медиҳад. Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Фирдавс Шарифзода  баъди ошноӣ аз вазъи роҳҳо субҳи имрӯз як ҷаласаи ситоди фаврӣ баргузор карда, ба беҳтар кардани корҳо таъкид […]

Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори тозатаъини Хуҷанд корашро аз ошно шудан ба вазъи роҳҳои шаҳр барои зимистон оғоз кардааст. Дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд бо нашри чанд акс дар ин бора иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Фирдавс Шарифзода  баъди ошноӣ аз вазъи роҳҳо субҳи имрӯз як ҷаласаи ситоди фаврӣ баргузор карда, ба беҳтар кардани корҳо таъкид кардааст.

Шаҳрдори Хуҷанд гуфтааст, ки мақомот бояд барои таъмини бехатарии мардум дар давраи зимистон ва саривақту беосеб расидани онҳо ба коргоҳу манзилҳояшон омода бошанд ва роҳҳои шаҳрро зуду фаврӣ тоза кунанд.

Фирдавс Шарифзодаи 36-сола, дирӯз бо фармони Президенти Тоҷикистон иҷрокунандаи раиси шаҳри Хуҷанд таъин шуд, ки то ин замон раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.