Эмомалӣ Раҳмон номзади пирӯзи мухолифини Молдова Майя Сандуро табрик кард

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Майя Санду президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Молдова Майя Сандуро бо ирсоли як барқия барои пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар табрик кардааст. Матни барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмонро Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон нашр кардааст. Хонум Майя Санду номзади мухолифин дар интихоботи раёсатҷумҳурии Молдова буд, ки дар баробари президенти пешини ин кишвар […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Майя Санду президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Молдова Майя Сандуро бо ирсоли як барқия барои пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар табрик кардааст. Матни барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмонро Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон нашр кардааст.

Хонум Майя Санду номзади мухолифин дар интихоботи раёсатҷумҳурии Молдова буд, ки дар баробари президенти пешини ин кишвар Игор Додон рақобат мекард.

Дар ин барқия аз ҷумла гуфта мешавад, ки “Шуморо ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Молдова табрику муборакбод менамоям”.

Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихобои Молдова гуфтааст, ки “натиҷаҳои интихоботи президентии баргузоргардида далели ҷонибдории мардум аз роҳи интихобкардаи Шумо ба сӯи рушди босуботи кишвар ва таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ мебошад”.

Президенти Тоҷикистон бо умедвории рушди бештари ҳамкориҳои ду давлат ба президенти тозаинтихобои Молдова пешниҳод додааст, ки “омодаам, ки дар ин ҷода якҷо бо Шумо тамоми саъйю кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳам”.

Майя Санду дар таърихи Молдова нахустин занест, ки ба мақоми президентии ин кишвар мерасад. Ӯ дар даври дуюми интихобот рӯзи 15-уми ноябри 2020 рақибии қавии хеш Игор Додонро бо касби 58% раъйи мардум шикаст дод. Додон, ки президенти барҳоли ин кишвар буд, ҳамагӣ 42% раъй ба даст овард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.