Амири Қатар ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки ба Тоҷикистон меояд

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин суҳбат Амири Қатар  Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар барои пирӯзӣ дар интихоботи 11-уми октябр табрик кардааст.   Дар ин суҳбат, ки вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатарро баррасӣ шудааст, Эмомалӣ Раҳмон […]

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Дар ин суҳбат Амири Қатар  Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар барои пирӯзӣ дар интихоботи 11-уми октябр табрик кардааст.  

Дар ин суҳбат, ки вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатарро баррасӣ шудааст, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки “Тоҷикистон ба ҳамкориҳои ҷонибҳо, ки бар асоси манфиатҳои муштарак қарор доранд, баҳои баланд медиҳад”.

Дар хабарномаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳи ҳанӯз ҳам захираҳои истифоданашуда зиёданд.     

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин суҳбат ба Давлати Қатар барои ҳамкорӣ дар мубориза бо ин бемории сироятии COVID-19 изҳори сипос намудааст.

Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Хамад Оли Сонӣ даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои  анҷом додани сафари давлатӣ ба Тоҷикистон пазируфтааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.