То охири декабр аз Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 140 парвози чартерӣ анҷом дода мешавад

Сохторҳои дахлдори Тоҷикистон иҷрои парвозҳои иловагии чартериро то охири сол аз шаҳрҳои гуногуни Русия бо ин кишвар мувофиқа карданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода. “То охири моҳи декабр ширкати ҳавопаймоии”Сомон Эйр” зиёда аз 140 парвоз ба Тоҷикистон аз шаҳрҳои гуногуни Русия анҷом медиҳад”, – хабар дод ӯ. Номбурда ҳамчунин […]

Сохторҳои дахлдори Тоҷикистон иҷрои парвозҳои иловагии чартериро то охири сол аз шаҳрҳои гуногуни Русия бо ин кишвар мувофиқа карданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

“То охири моҳи декабр ширкати ҳавопаймоии”Сомон Эйр” зиёда аз 140 парвоз ба Тоҷикистон аз шаҳрҳои гуногуни Русия анҷом медиҳад”, – хабар дод ӯ.

Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки дар фурсатҳои наздиктарин рӯйхати пешакии парвозҳои чартерӣ ба нашр хоҳад расид.

Аз куҷо метавон билет харид?

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи ноябр билетҳо ба парвозҳои чартерӣ ба фурӯши озод бароварда шуданд. Зикр шуд, ки арзиши билет ба ин парвозҳо 395 евро (эконом-класс) муқаррар шудааст. Дар сурати гирифтани иҷозаи парвоз ба ҳар ду самт (баровардани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон) билетҳо арзонтар мешаванд.

Зикр гардида буд, ки парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Уфа, Краснодар, Екатеринбург, Красноярск, Иркутск, Новосибирск, Сургут иҷро карда мешаванд. Билетҳо тариқи нуқтаҳои расмии фурӯш дар шаҳрҳои зерини Русия фурӯхта мешаванд:

Москва – Фурудгоҳи байнулмилалии Домодедово, авиакасса №88, тел: 89295994541;

Москва – Фурудгоҳи байнулмилалии Домодедово, нуқтаи фурӯши №40, тел: 89295994541;

Москва, кӯч. 2-я Тверская-Ямская, бинои 40/3, корпуси 1, меҳмонхонаи «Таджикистан», тел: 89264550055;

Вилояти Москва, ҳавзаи шаҳрии Домодедово, 40 км А-105, корпуси 3, меҳмонхонаи «Ибис», тел. 8 4956400451;

Санкт-Петербург – Фурудгоҳи Пулково, тел: 89775205886;

Санкт-Петербург – хиёбони Московский, литер А, хонаи 7, ҳуҷр. 40Н, тел: 89775205886;

Новосибирск – Фурудгоҳи байнулмилалии Новосибирск (Толмачево) тел: 891611335998, 89035120420;

Екатеринбург – кӯч. Техническая, хонаи 35. Тел: 891756811253;

Красноярск – Фурудгоҳи байнулмилалии Красноярск. Тел: 891611335998, 89035120420;

Иркутск – шаҳри Ангарск, микрорайони 11, хонаи 19, офиси № 4, тел: 891611335998, 89035120420;

Қазон – Фурудгоҳи Қазон, тел: 89035120420;

Уфа – Фурудгоҳи байнулмилалии Уфа, тел: 89035120420;

Сургут – к. Георгий Кукуевитский, 15/1 тел: 89035120420;

Краснодар – Фурудгоҳи байнулмилалии Краснодар, тел: 89175681253.

Шаҳрвандоне, ки ба ватан баргаштанианд, бояд хулосаи муассисаи тиббиро дар бораи сироят надоштан аз коронавирус аз рӯйи натиҷаҳои супоридани тест пешниҳод намоянд, ки на дертар аз се рӯз то замони вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, масъалаи барқарор намудани алоқаи мунтазами ҳавоӣ бо Русия то ҳанӯз мавриди баррасӣ қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.