Боздошти ду сокини пойтахт барои дуздии барқ

Кормандони милитсияи пойтахт ду далели истифодабарии ғайриқонунии нерӯи барқро дар Душанбе ошкор намуданд, ки дар натиҷа ба буҷаи давлат зиёда аз 11 ҳазор сомонӣ зарар расид. Ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, Шодӣ Бобоёров дар манзили ба иҷорагирифтааш воқеъ дар кӯчаи Мушфиқии н. Фирдавсӣ нерӯи барқро берун аз ҳисобкунак истифода бурда, ба буҷаи давлат ба маблағи […]

Кормандони милитсияи пойтахт ду далели истифодабарии ғайриқонунии нерӯи барқро дар Душанбе ошкор намуданд, ки дар натиҷа ба буҷаи давлат зиёда аз 11 ҳазор сомонӣ зарар расид.

Ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, Шодӣ Бобоёров дар манзили ба иҷорагирифтааш воқеъ дар кӯчаи Мушфиқии н. Фирдавсӣ нерӯи барқро берун аз ҳисобкунак истифода бурда, ба буҷаи давлат ба маблағи 3876 сомонӣ зарар расонидааст.

Инчунин дар ҷараёни санҷиш муайян карда шудааст, ки Файзулло Урозов, сокини пойтахт бо роҳи ғайриқонунӣ ва берун аз ҳисобкунак ноқили барқро ба коргоҳи самбӯсапазии ба иҷорагирифтааш воқеъ дар кӯчаи Мушфиқӣ насб намудааст. Номбурда дар муддати зиёда аз 3 моҳ 11 ҳазору 880 киловат соат қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода бурда, ба буҷаи давлат зиёда аз 7730 сомонӣ зарар расонидааст.

“Ҳамзамон номбурда қоидаҳои бехатариро сарфи назар намуда, инчунин барои пухтани самбӯса аз спиралҳои тасфон истифода карда, бо ин васила ба талофоти барзиёди нерӯи барқ роҳ додаст”, – қайд мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба номбурдагон санадҳои лозима тартиб дода шуда, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.