Як ширкати сохтмони Маскав наздики 650 нафар муҳоҷирони тоҷикро ба кор даъват мекунад

Ширкати сохтмони ҶДММ «Ренессанс-Технологии» аз Намояндагии Вазорати меҳнут, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дархост намудааст, ки ҷалби мутахассисони тоҷикро ба корҳои сохтмону насб дар соҳаи бунёди манзил дар шаҳри Маскав таъмин кунад. Сухангӯи Намояндагии Вазорат дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки аз раҳбарияти ширкати дар боло зикршуда дар бораи ҷалби […]

Ширкати сохтмони ҶДММ «Ренессанс-Технологии» аз Намояндагии Вазорати меҳнут, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дархост намудааст, ки ҷалби мутахассисони тоҷикро ба корҳои сохтмону насб дар соҳаи бунёди манзил дар шаҳри Маскав таъмин кунад.

Сухангӯи Намояндагии Вазорат дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки аз раҳбарияти ширкати дар боло зикршуда дар бораи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор дархости расмӣ расидааст.

“Ширкат ҷиҳати бо кор таъмин кардани наздики 650 нафар, анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои онҳо, таъмин бо хобгоҳ ва маоши доимӣ омода аст”, – гуфт Аҳмадов.

Ширкати «Ренессанс-Технологии» ба муҳоҷирони кории тоҷик пардохти 60 ҳазор ва зиёда аз он маошро дар як моҳ ваъда мекунад.

Айни замон ширкат ба зиёда аз 600 коргарони ихтисоси гуногун, аз қабили 300 нафар хиштзанон, 200 нафар андовагарону рангмолон ва 150 нафар мутахассисони насбгару устои барқ ниёз дорад.

Ширкат уҳдадор шудаст, ки муҳоҷирони кориро мутобиқи қонунгузории меҳнати Русия бо кор таъмин намуда, дар як моҳ ду бор (пешмузд ва маош) ба онҳо музди меҳнат пардохт мекунад.

Бо ҳамаи масъалаҳои марбут ба кор таъмин шудан метавон ба Намояндагии Вазорати меҳнати ҶТ дар Маскав муроҷиат намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.