Китоби “Айёре аз Хуросон”-и Халилӣ дар Душанбе рӯнамоӣ мешавад

Ин китоб бо пуштибонии Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик аз сӯйи нашриёти “Адиб” нашр шудааст. Тавре ба “Азия Плюс” Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар таҳиякунада ва ношири ин китоб гуфт, “Айёре аз Хуросон”  ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ва 40-умин солгарди таълифи асари арзишманди достони таърихии Устод Халилуллоҳ Халилӣ ба кириллӣ баргардон шудааст. Баргардонии асарро рӯзноманигор Ҷумаъхони Сайдалӣ анҷом […]

Ин китоб бо пуштибонии Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик аз сӯйи нашриёти “Адиб” нашр шудааст.

Тавре ба “Азия Плюс” Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар таҳиякунада ва ношири ин китоб гуфт, “Айёре аз Хуросон”  ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ва 40-умин солгарди таълифи асари арзишманди достони таърихии Устод Халилуллоҳ Халилӣ ба кириллӣ баргардон шудааст. Баргардонии асарро рӯзноманигор Ҷумаъхони Сайдалӣ анҷом додааст.

Ба гуфтаи Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар ин китоб як бахши зиндагӣ ва саргузашти мардуми тоҷик дар Афғонистон дар асри гузашта аст. Баъдан дар ин китоб дар бораи зиндагии Амир Ҳабибуллохони Калаконӣ маъруф ба Бачаи Сақо, яке аз фармондеҳҳои тоҷики Афғонистон аст, ки баъди 200 соли беҳукуматии тоҷикон дар ин ҷуғрофиё ба қудрат мерасад, достонҳои ҷолибе аст.

Муҳарири ин китоб Мубашири Акбарзод аст ва он бо теъдоди 500 нусха ба чоп расидааст.

“Айёре аз Хуросон” асари машҳури шоир ва нависандаи маъруфи Афғонистон Халиллулоҳ Халилӣ аст, ки ривоятгари як насли айёрӣ дар Афғонистон аст. Ин китоб дар бораи шахсият ва ҳукуматдории нуҳмоҳаи Амир Ҳабуибуллохони Калаконӣ дар солҳои бистуми асри гузашта аст.

Ҳабибуллохони Калаконӣ яке аз чеҳраҳои пурсарусадои таърихи Афғонистон нақши муассире дар сарнавишти тоҷикони ҳар ду сӯйи Ому дорад. Баъзе аз таърихнигорон яке аз далелҳои аз тобеъияти Узбекистон берун шудани Тоҷикистони мухтор ва Ҷумҳурии Шӯравӣ шудани онро дар соли 1929 рӯйи кор омадани ҳукумати Ҳабибулои Калаконӣ дар Афғонистон медонанд.

Маросими рӯнамоии ин китоб рӯзи 4-уми декабри соли равон дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.