Дар Ӯзбекистон 178 ширкат бо сармоя аз Тоҷикистон кор мекунанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ӯзбекистон ҷонибдори таъсиси минтақаи комили савдо дар доираи ИДМ аст, ки ба нигаҳдории шакли мавҷудаи реҷаи тиҷорат асос ёфтааст, қайд мешавад дар маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон.

“Ин дар навбати худ, омили муҳими таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии ИДМ мебошад”, – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар Ӯзбекистон 178 корхона бо сармоягузории мустақими Тоҷикистон амал мекунанд, ки 103-тоашон тиҷорати муштарак бо соҳибкорони ӯзбек буда, 75 корхона бо сармояи пурраи тоҷирони тоҷик фаъолият доранд.

Доираҳои кориву тиҷоратӣ дар Тоҷикистон бурунрафти сармояро ба ҳамсоякишварҳо дар навбати аввал, ба сарбории зиёди андозбандӣ дар ҷумҳурӣ нисбат медиҳанд.

“Аз ин рӯ, аксарият тиҷоратро дар ин ҷо қатъ намуда, ба кишварҳои ҳамсоя, ки дар онҳо шароити бештар мусоид фароҳам аст, интиқол медиҳанд”, – гуфт ба “Азия-Плюс” як тоҷир, ки нахост ному насабаш ифшо гардад.

Ба гуфтаи ӯ, соҳибкороне, ки то ҳол ба фаъолият дар ҷумҳурӣ идома медиҳанд, маҷбуранд, ки қисмати зиёди даромади худро пинҳон кунанд, то ки дар ин шароити сарбории зиёди андоз ба як навъе вуҷуд дошта бошанд.

Дар натиҷа, изҳор дошт тоҷир, буҷети кишвар аз воридшавии маблағи муайян аз пардохти андоз маҳрум мешавад.

Зимнан илова шуд, ки сабуксозии сарбории андоз ба афзоиши босуръати шумори соҳибкорон ва мутаносибан, зиёдшавии даромад ба буҷет мусоидат хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо назардошти манфиатҳои субъектҳои соҳибкорӣ, лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия шавад.

Моҳи феврали соли ҷорӣ вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ба рӯзноманигорон хабар дод, ки Кодекси нави андоз то моҳи сентябри ҳамин сол мавриди амал қарор мегирад, то ки бар асоси он сохторҳои марбута буҷети соли 2021-ро омода намоянд.

Лекин қонунгузории нави андоз то ҳол мавриди амал қарор нагирифтааст.

Дар Кумитаи андоз ба таъхир афтодани қабули Кодекси нави андозро ба вазъи марбут ба пандемияи коронавирус вобаста медонанд.

Дар Кумита таъкид мекунанд, ки дар лоиҳаи Кодекси нави андоз барои тиҷорат, бахусус барои соҳибкории истеҳсолӣ имтиёзҳои зиёд пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки аз қабули Кодекси ҳозир амалкунандаи андози Тоҷикистон ҳамагӣ 6 сол пур мешавад: он 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...