Додгоҳи ҳарбии Душанбе як сарбози “сӯзанхур”-ро як сол зиндонӣ кард

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе, як сарбози қисми ҳарбии 45095 ноҳияи Рӯдакиро барои як сол равонаи зиндон кард. Ба эътирофи  додгоҳ ин сарбоз  барои саркашӣ аз идомаи хидмати сарбозӣ  сӯзан хурдааст.

Додгоҳ, ҳамчунин ин сарбозоро ҷазо дигаре дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати 120 соат бо давомнокии на бештар аз 3-соат дар як рӯз низ додааст.

Тавре ба “Азия Плюс”, муовини раиси Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Бахтиёр Искандарзода хабар дод, ин сарбоз Азизҷон Юлдошев будааст, ки бо ҳадафи саркашӣ аз адои вазифаҳои хидмати ҳарбӣ ба ҷони худ хатар эҷод кардааст.

Ӯ бо роҳи маъюб кардани узвҳои бадани худ, рӯзи 5-уми феврали соли 2020, тахминан соати 10.00 дақиқа, дар дохили синфхонаи қисми ҳарбӣ як сӯзанро аз дохили кулоҳи сарбозиаш бароварда, онро ду пора намуда, фурӯ бурдааст,- гуфт Искандарзода.

Ба гуфтаи ин манбаъ, сарбоз Азизҷон Юлдошев санаи мазкур, тахминан соати 21-30 дақиқа бидуни сабаб ва бо ҳамин мақсад худсарона маҳалли хизматашро тарк намудааст, ки худи ҳамон рӯз аз тарафи гуруҳи кофтуковии қисми ҳарбӣ аз ҳудуди ноҳияи Варзоб дастгир ва ба қисми ҳарбӣ баргардонида шудааст.

То кунун назари наздикони Азизҷон Юлдошев барои расонаҳо дастрас нест.

Мувофиқи хулосаи коршиноси додгоҳӣ-тиббӣ аз 19.08.2020 сол дар узвҳои ҳозимаи сарбози қаторӣ Азимҷон Юлдошев, ҷисмҳои бегона (сӯзан) дарёфт карда шудааст, ки ба саломатияш зарари сабук расонидааст.

Бо ҳукми Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Азизҷон Юлдошев бо моддаи 376 қисми 2 (саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаибкунӣ ё усули дигар)-и КҶ Тоҷикистон ба муҳлати 1 (як) сол равонаи зиндон шуд.

Ҳодисаи хӯрдани сӯзан дар артиш аз сӯйи сарбозон нав нест. Моҳи сентябри имсол низ Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе як сарбози дигар, Фаридун Зиёвуддиновро низ барои ин кор 2 солу 6 моҳ равонаи зинон кард.

Додгоҳи ҳарбӣ ин сарбозро низ "барои саркашӣ аз адои хизмат" ба мӯҳлати 2 солу 6 моҳ равонаи зиндон намуда буд. Ин ҷавони 21 сола моҳи апрели имсол ба артиш ҷалб шуда, дар як қисми ҳарбии Вазорати мудофиа, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат хизмат мекард.

Додгоҳи гарнизони Душанбе он замон гуфта буд, ҳангоми мурофиаҳо маълум гардид, ки сарбоз бо фурӯ бурдани сузан талош кардааст дар бемористон бистарӣ шавад ва ба ин тартиб аз идомаи адои хизмат раҳо гардад.

Наздикони Фаридун аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон он замон ҳукмро ноодилона хонда, гуфта буданд, ки бовар надоранд, ки бо чунин роҳе Фариддун талоши сарпечӣ аз хизмат карда бошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...