Иҷозаи парвозҳои мунтазам ба Хуҷанд ба ширкати AZUR

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Росавиатсия ба ширкати ҳавопаймоии AZUR air ҷиҳати наҷоми парвозҳо бо хатсайри Иркутск-Хуҷанд-Иркутск иҷоза дод. Дар ин бора дар Фармони Росавиатсия аз 3 декабр сухан меравад. Дар фармон қайд мешавад, ки парвозҳо дар як ҳафта ду маротиба иҷро карда мешаванд.

“Додани иҷозатнома ба ширкатҳо барои барқарор кардани парвозҳо бо хатсайрҳои байнулмилалӣ, ки дар фармони Росавиатсия аз 03.12.2020 №1463-п зикр шудааст, қарор ё асос шуда наметавонад.

Иҷозатнома ҳуқуқи ширкат мебошад, ки зимни барқарор шудани парвозҳо аз он истифода бурда метавонад”, – қайд мекунад Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ.

Аммо дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар ин бора то ҳол ягон огоҳиномае нагирифтаанд.

“Ширкати ҳавопаймоӣ то ҳанӯз ба мо муроҷиат накардааст, инчунин аз ҳамтоҳои русиягиамон ҳам оид ба ин масъала ҳеҷ маълумоте нарасидааст”, – зикр карданд дар Агентӣ.

Қрбили зикр аст, ки бар асари пандемия алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни Тоҷикистону Русия қатъ шуда, ба ивази он аз ҳар ду ҷониб парвозҳои чартерии аз кишвари хориҷӣ ба ватан баргардонидани ҳамватанон роҳандозӣ гардид.

Парвозҳоро аз Русия ба Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” анҷом дода, парвозҳои чартериро аз Тоҷикистон ба Русия ду ширкати ҳавопаймоии Русия – “ЮТэйр” ва “Уральские авиалинии” аз моҳи ноябр оғоз карданд.

Танҳо дар моҳи декабр анҷоми 146 парвоз аз Русия ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. “Уральские авиалинии” дар як ҳафта аз Тоҷикистон ба Русия 11 парвози чартерӣ иҷро мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.