Сабти гармшавии босуръати рекордӣ дар Қутби шимол

Дар Қутби шимол гармшавии босуръати рекордӣ ба қайд гирифта шуд. Ин рекордро Раёсати миллии уқёнусшиносӣ ва атмосфераи ИМА сабт намуд, қайд мешавад дар гузориши Arctic Report Card 2020. Соли ҷорӣ Қутби шимол нисбат ба дигар қисматҳои сайёра ду баробар бештар гарм шуд. Рекорди пешинаи гармшавӣ соли 2012 сабт шуда буд. Олимон пешгӯйӣ мекунанд, ки дар […]

Дар Қутби шимол гармшавии босуръати рекордӣ ба қайд гирифта шуд. Ин рекордро Раёсати миллии уқёнусшиносӣ ва атмосфераи ИМА сабт намуд, қайд мешавад дар гузориши Arctic Report Card 2020.

Соли ҷорӣ Қутби шимол нисбат ба дигар қисматҳои сайёра ду баробар бештар гарм шуд. Рекорди пешинаи гармшавӣ соли 2012 сабт шуда буд.

Олимон пешгӯйӣ мекунанд, ки дар давраи аз соли 2040 то соли 2060 дар Арктика яхи баҳрӣ метавонад боқи намонад ва дар Аляска бошад, яхбастагии чандинсола аз байн рафта метавонад.

Дар ҳамин ҳол, олимон рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъ ва баргаштан ба сатҳи муътадили ҳароратро, ки ахиран соли 2006 дар ин қитъа ба қайд гирифта шуда буд, пешгӯйӣ намекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.