Ду ҷавони тоҷик одамонро аз сӯхтор дар Петербург наҷот доданд

Ду зодаи Тоҷикистон дар як хонаи баландошёнаи наздикии шаҳри Санкт-Петербург сӯхторро хомӯш карда, одамонро наҷот доданд. Сӯхтор бевақтии шом дар яке аз манзилҳои ошёнаи 12-уми бино сар зада, ҷавонони тоқик – Зариф Ниёзов ва Фаррух Умаров, ки дар бинои дигари он тарафи роҳ зиндагӣ мекунанд, ба ёрӣ шитофтанд, хабар дода мешавад дар гузориши телевизионии шабакаи […]

Asia-Plus

Ду зодаи Тоҷикистон дар як хонаи баландошёнаи наздикии шаҳри Санкт-Петербург сӯхторро хомӯш карда, одамонро наҷот доданд.

Сӯхтор бевақтии шом дар яке аз манзилҳои ошёнаи 12-уми бино сар зада, ҷавонони тоқик – Зариф Ниёзов ва Фаррух Умаров, ки дар бинои дигари он тарафи роҳ зиндагӣ мекунанд, ба ёрӣ шитофтанд, хабар дода мешавад дар гузориши телевизионии шабакаи Мир24.

“Лифти бино кор намекард, аз ин рӯ, бо зинапоя ба боло давидем. Фикр доштем, ки байни осебдидагон кӯдакон ҳам буда метавонанд”, – ҳикоят кардааст Зариф.

Онҳо ҳамроҳи бошандагони бино аввал барои аз манзилҳо берун овардани одамон кумак карда, сипас то омадани оташнишонон ба хомӯш кардани сӯхтор пардохтаанд.

Фаррух Умаров ва Зариф Ниёзов дар як ҳавлӣ дар Тоҷикистон ба воя расида, Зариф аллакай муддати 14 сол инҷониб муқими Русия ва шаҳрвандии ин кишварро дораду дар корхонае (завод) кор мекунад. Фаррух қариб 4 сол пеш ба Русия омада, ронандаи таксӣ аст.

https://www.youtube.com/watch?v=jggobu5NVAQ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.