Зарари фасод имсол дар Суғд 21 млн сомонӣ ҳисоб шудааст

Зарари расида аз ҷиноятҳои коррупсионӣ дар 11 моҳи соли 2020 дар вилояти Суғд 21 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст. То ин замон танҳо 10.8 сомонии он барқарор шудааст. Раёсати Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи ҶТ дар вилояти Суғд  мегӯяд  дар ин 11 моҳ дар вилоят 498 ҷинояти марбут ба фасод ошкор шудааст, ки аз […]

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Зарари расида аз ҷиноятҳои коррупсионӣ дар 11 моҳи соли 2020 дар вилояти Суғд 21 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст. То ин замон танҳо 10.8 сомонии он барқарор шудааст.

Раёсати Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи ҶТ дар вилояти Суғд  мегӯяд  дар ин 11 моҳ дар вилоят 498 ҷинояти марбут ба фасод ошкор шудааст, ки аз ин 177 ададашро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳад.

Сардори бахши ташкили кор ва назорати ин ниҳод дар вилояти Суғд Суҳроб Муҳаммадӣ ба “Азия-плюс” гуфт, ки  аз ҳама бештар кормандони кумитаи заминсозӣ,  соҳаи тандурустӣ, маориф, бонк  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ даст ба фасод задаанд.

“Дар ин давра ҷиноятҳои копурсионӣ аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 24, соҳаи тандурустӣ 19, Кумитаи заминсозӣ 25,  соҳаи маориф 64 ва бонкҳо 47 ошкор шудааст”,- гуфт Суҳроб Муҳаммадӣ

Ҷиноятҳои марбут ба фасодро ин ниҳод бештар дар Хуҷанд 141 маврид,  Панҷакент 64, Бобоҷон  Ғафуров 50, Шаҳристон 22, Ашт  29, Спитамен 59 ва Истаравшан 22 маврид сабти ном кардааст.

Ин ниҳод дар бархе аз субъектҳои соҳибкорӣ ва  ширкату ҷамъиятҳо ҳолатҳои кам ҳисоб намудан ва рӯйпӯшкунии андозҳоро низ ошкор кардааст, ки 16.5 миллион сомонӣ гуфта мешавад. Соли гузашта кам ҳисоб кардани андоз   дар ин вилоят 20 миллион сомонӣ буд. Раёсати Оҷонсии мубориза бо фасод дар вилоят мегӯяд ин зарар ба будиҷа комилан барқарор шудааст.

Дар 11 моҳи соли равон аз ҷониби ин ниҳод дар вилоят 90 ҷиноят вобаста ба хариду фурӯши замин  ошкор шудааст, ки 57 парвандаи  ҷиноӣ оғоз шудааст. Маблағи  хисороти расида ҳам 1.4 млн сомониву 273 ҳазор доллари амрикоиро дар бар гирифтааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.