Парлумон масъалаи тасдиқи ҳайати нави ҳукуматро баррасӣ мекунад

Имрӯз, 10 декабр дар Душанбе таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи навбатии муштараки ҳар ду палатаи парлумон баргузор мешавад, ки дар он фармонҳои президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз 4 ноябр дар бораи таъини аъзои ҳукумат баррасӣ мешаванд. Вакили палатаи поёнии парлумон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, […]

Имрӯз, 10 декабр дар Душанбе таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи навбатии муштараки ҳар ду палатаи парлумон баргузор мешавад, ки дар он фармонҳои президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз 4 ноябр дар бораи таъини аъзои ҳукумат баррасӣ мешаванд.

Вакили палатаи поёнии парлумон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки имрӯз парлумон бидуни шакку шубҳа аъзои нави ҳукуматро тасдиқ хоҳад кард.

“Ман шахсан ба дурустии интихоби президент дар таъини аъзои нави ҳукумат, сатҳи касбият ва салоҳиятнокии онҳо шубҳа надорам, лекин мисли аксарияти аҳолии Тоҷикистон ба онҳо баъзе саволҳо дорам”, – қайд кард вакил.

Ба ақидаи ӯ, имрӯз вақти он фаро расидааст, ки аз роҳбарони вазорату идораҳо бипурсем, ки дар ҳалли масоили марбут ба болоравии нархҳо дар ҳама соҳаҳо, маълумоти шубҳаноки оморӣ, андозбандӣ, баргузории тафтишоти мунсифонаи парвандаҳои ҷиноятӣ ва баҳсҳои судӣ, дастрасӣ ба кумаки тиббӣ ва ғайра чӣ назаре доранд.

Қобили зикр аст, ки ҳайати пешинаи раҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон 30 октябр аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон пас аз маросими савгандёдкунӣ ба истеъфо фиристода шуд. Ҳайати нави ҳукумат 4 ноябр таъин шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.