КҲФ: Бо вуҷуди яхбандиву туман, ҳамаи роҳҳо кушодаанд

Ҳамаи роҳҳои мошингарде, ки минтақаҳои Тоҷикистонро ба ҳам мепайванданд, субҳи имрӯз барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт кушодаанд. Танҳо ҳаракати автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм дар роҳи Душанбе-Хуҷанд бо сабаби яхбандии роҳ муваққатан боздошта шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ. Ӯ изҳори итминон кард, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш тариқи роҳи […]

Ҳамаи роҳҳои мошингарде, ки минтақаҳои Тоҷикистонро ба ҳам мепайванданд, субҳи имрӯз барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт кушодаанд. Танҳо ҳаракати автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм дар роҳи Душанбе-Хуҷанд бо сабаби яхбандии роҳ муваққатан боздошта шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Ӯ изҳори итминон кард, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш тариқи роҳи Душанбе-Хуҷанд дар фурсати наздик барқарор мешавад.

Ба гуфтаи номбурда, барои таъмини бехтарии ронандагон дар роҳ ва кумаки таъҷилӣ дар ҳолатҳои ғайримунтазира, қитъаҳои гуногуни роҳҳо мунтазам аз ҷониби наҷотбахшони гурӯҳҳои вокуниши зудамали Кумита назорат мешавад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои наздик дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо яхбандӣ боқӣ монда, фаромадани туман дар назар аст.

Дар ин робита, Кумита ба шаҳрвандон чунин тавсияҳо медиҳад: худдорӣ варзидани шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг ва зиққи нафас аз баромадан ба кӯча; ҳушёру эҳтиёткор будани пиёдагардон ҳангоми гузаштан аз роҳу кӯчаҳо; суръати ҳаракатро паст нигоҳ доштан ва риояи қоидаҳои бехтарии ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандагон.

Зимнан зикр шуд, ки дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ё ягон ҳолати нохуш дар роҳҳо, шаҳрвандон метавонанд ба телефони навбатдори фаврии КҲФ ва МГ: 93 880 28 19221-91-19 ва 223-13-11 муроҷиат кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.