Таваҷҷуҳи Рустами Эмомалӣ ба сатҳи хизматрасонӣ дар ҳавопаймоҳо

Дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум ба фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар самти сатҳу сифати хизматрасонӣ ва таъмини ғизои мусофирон таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он ҷалб намуд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ ва таъмини ғизои мусофирон дар […]

Дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум ба фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар самти сатҳу сифати хизматрасонӣ ва таъмини ғизои мусофирон таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он ҷалб намуд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ ва таъмини ғизои мусофирон дар ҳавопаймоҳо ба талабот ҷавобгӯ нест.

Гуфта мешавад, бо дарназардошти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии авиатсияи гражданӣ ва боло бурдани нуфузи ширкатҳои ватании соҳаи авиатсияи гражданӣ дар арсаи байналмилалӣ, ба кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ дастур дода шуд, ки масъалаи мазкурро бо инобати таҷрибаи ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ омӯхта, ҷиҳати таҷдиди назар кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.

Қаблан мусофирони парвозҳои чартерӣ аз таъмини ғизо ҳангоми парвоз дар ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон шикоят карданд. Бо вуҷуди арзиши баланди билет, пули хӯрок ба он дохил нашуда, бо пардохти маблағи иловагӣ мусофирон танҳо обу як пораи начандон калони нон (булка) бо ҳасибро харида метавонистанду халос.

Дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ инчунин дигар масъалаҳое, ки ҳаллашон зарур аст, низ баррасӣ шуданд.

Аз ҷумла масоили таъмини сатҳи баланд ва саривақтии пешниҳоди кумаки тиббӣ (таъмини табибон бо асбобу лавозимоти зарурӣ, маводи тиббӣ ва доруворӣ, ташхиси дурусти беморӣ, беҳбуди сатҳи кумаки тиббии аввалия ва ғайра) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар идома Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёни иҷлосияро ба масъалаи мавҷуд набудани рақобати солим байни ширкатҳои давлативу хусусӣ ва хориҷӣ дар соҳаи истеҳсоли мол ва пешниҳоди хизматгузориҳо ҷалб намуда, қайд кард, ки яке аз омилҳои чунин ҳолат камфаъолиятии сохторҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои бозорӣ ба ҳисоб меравад.

Доир ба мушкилоти дар боло зикршуда раиси Маҷлиси миллӣ ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки ин масоилро мавриди омӯзиш қарор дода, дар бораи тағйири вазъ дар ин самтҳо таклифу пешниҳодҳо омода кунанд.

Дар рӯзномаи иҷлосия баррасии 38 масъала зикр шуда буд. Аз ҷумла, як қатор қонунҳое низ баррасӣ шуданд, ки ба беҳбуди вазъ дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ, таҳкими заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ ва ғайра равона гардидаанд.

Ҳамчунин дар иҷлосия бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ қарор қабул шуд, ки номи ҷамоати Шитхарви ноҳияи Ишкошими ВМКБ ба ҷамоати Вахон иваз карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.