Сафири Русия дар шаҳри Турсунзода лавҳаи ёдгории иштирокчиёни ҶБВ-ро боз намуд

Дар деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода рӯзи 9 декабр бо иштироки сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва раиси шаҳр Парвиз Акрамзода маросими пардбардорӣ аз лавҳаи ёдгорӣ бахшида ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) баргузор шуд. Дар лавҳаи ёдгорӣ номи 571 нафар иштирокчиёни ҶБВ – сокинони деҳаи Қаратоғ зикр шудааст, ки 234 нафари онҳо дар набардҳо […]

Дар деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода рӯзи 9 декабр бо иштироки сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва раиси шаҳр Парвиз Акрамзода маросими пардбардорӣ аз лавҳаи ёдгорӣ бахшида ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) баргузор шуд.

Дар лавҳаи ёдгорӣ номи 571 нафар иштирокчиёни ҶБВ – сокинони деҳаи Қаратоғ зикр шудааст, ки 234 нафари онҳо дар набардҳо ҳалок шудаанд.

Аз шаҳри Турсунзода ҳамагӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҷанг рафта,  2 ҳазору 200 нафарашон аз майдони набард барнагаштанд.

Дар бунёди лавҳаи ёдгорӣ ҳайати омӯзгорону хонандагони мактаби миёнаи №12 саҳми беандоза гузошта, номи иштирокчиёни ҷангро дарёфту барқарор карданд.

Сокинони деҳа, соҳибкорон, инчунин ширкати ТАЛК0, сафорати Русия ва пойгоҳи низомии 201-ум барои гиромидошту ҷовидонӣ гардонидани хотираи қаҳрамонони ҷанг ҳудуди 140 ҳазор сомонӣ ҷамъ оварданд.

Ҳамаи иштирокчиёни маросим хотираи ҳалокшудагон дар ҷангро бо дақиқаи хомӯшӣ гиромӣ дошта, ба пояи лавҳаи ёдгорӣ гулчанбарҳо гузоштанд.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ба фаъолону саҳмгузорон дар бунёди лавҳа ифтихорномаву номаҳои минннатпазирӣ тақдим намуд. Дар навбати худ, сафорати Русия Турсунзодаро шаҳри ифтихори ҷангӣ ва меҳнат номбар кард.

Дар фарҷом хонандагони мактабҳои №№12 ва 98, гимназияи №2 консерт намоиш дода, чорабиниӣ бо иҷрои суруди “Рӯзи Ғалаба” (День Победы) ва аксбардорӣ барои хотира анҷом пазируфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.