232 шаҳрванди Тоҷикистон марзи Қазоқистонро ғайриқонунӣ гузаштаанд

Замони пандемия 232 шаҳрванди Тоҷикистон бо роҳи фиреб ба Қазоқистон ворид шуданд, навиштааст дар саҳифаи Facebook раиси Сарпрокуратураи нақлиёти Қазоқистон Ернат Сибанқулов. “Таҳлилҳои мо аз ҷой доштани далелҳои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба воситаи додани маълумотномаҳои қалбакии тиббӣ ба 232 шаҳрванди Тоҷикистон дар бораи гузаштани муолиҷа дар муассисаҳои тиббии Қазоқистон гувоҳӣ медиҳанд”, – иброз доштааст Сибанқулов. […]

Замони пандемия 232 шаҳрванди Тоҷикистон бо роҳи фиреб ба Қазоқистон ворид шуданд, навиштааст дар саҳифаи Facebook раиси Сарпрокуратураи нақлиёти Қазоқистон Ернат Сибанқулов.

“Таҳлилҳои мо аз ҷой доштани далелҳои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба воситаи додани маълумотномаҳои қалбакии тиббӣ ба 232 шаҳрванди Тоҷикистон дар бораи гузаштани муолиҷа дар муассисаҳои тиббии Қазоқистон гувоҳӣ медиҳанд”, – иброз доштааст Сибанқулов.

Ӯ қайд кардааст, ки аз 13 майи соли ҷорӣ бо қарори Комиссияи байниидоравии назди ҳукумати Қазоқистон гузаштани сарҳади давлатӣ барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ба ҷуз шахсоне, ки барои табобат ба муассисаҳои тиббии Қазоқистон меоянд, маҳдуд карда шудааст.

“Бо ташаббуси прокуратура мувофиқи моддаи 394, қ. 2 Кодекси ҷиноятӣ (ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ) тафтишоти тосудӣ оғоз гардид, ки он ба уҳдаи шуъбаи пулиси фурудгоҳи шаҳри Алмато вогузор шуд. Мутобиқи меъёрҳои қонун, далелҳои содир шудани ин амалҳо аз ҷониби хориҷиён таҳқиқ мешаванд”, – илова кардааст ӯ.

Мувофиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ, Қазоқистон то 40 ҳазор муҳоҷиронро аз Тоҷикистон қабул карда метавонад. Лекин коршиносон мегӯянд, шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар бамаротиб зиёд аст.

Қобили зикр аст, ки аз оғози пандемия Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Осиёи Марказӣ чандин бор ба бозгашти муҳоҷирони тоҷик ба ватан аз Қазоқистон мусоидат намуд. То ин дам бо мусоидати СБМ ба 3 ҳазор нафар муҳоҷирони тоҷик барои ба ватан баргаштан кумак расонида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.