Ситоди истифодаи сарфакоронаи барқро Рамазон Раҳимзода раҳбарӣ мекунад, ба ӯ занг занед.

Манзума Фирӯз, Asia- Plus

Намояндагони ситоди ягонаи ҷумҳуриявии назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ, ҳуқуқ доранд ҳангоми гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз истифодаи неруи барқ дар манзили истиқоматии сокинон дидан намоянд. Дар ҳолати пайвастшавии ғайриқонунӣ нисбат ба соҳибхона чораҳои зарурӣ андешида мешавад, иттилоъ доданд аз ВКД ба «Азия-Плюс».

Намояндаи ВКД мегӯяд, «намояндагони мақомтҳои дахлдор ҳангоми фаҳмондадиҳӣ метавонанад ноқилҳои барқии сокинонро тафтиш кунанд. Бо онҳо намояндагони ШСХК «Барқи тоҷик» ҳастанд, ки метавонанд аз пайвастшавии ғайриқонунӣ ба зудӣ огаҳӣ ёбанд. Агар ягон амали ғайриқонунӣ пайдо шуд, ҳатман нисбат ба соҳибхона чора дида мешавад».

Ӯ гуфт, роҳбари ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилии кишвар буда, мақсади ситоди мазкур гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ мебошад.

Ҳамсуҳбатамон илова кард, ки ситоди мазкур байни идоравӣ буда, аъзоёни ситод ҳам аз ВКД, КДАМ, Прокуратураи генералӣ, Агентии мубориза бо коррупсия, Вазорати энергетика, Кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш ва ШСХК “Барқи тоҷик” мебшанд, ки вазифаи онҳо асосан гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни шаҳрвандон мебошад.

«Аъзоёни ситод бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди истифодаи неруи барқ мегузаронанд. Ин ситод коргоҳи махсус надорад, чун байни идоравӣ аст. Рамазон Раҳимзода ситодро роҳбарӣ мекунад», – гуфтанд дар ВКД.

Ба гуфтаи манбаъ, сокинон барои он, ки бовари комил дошта бошанд, ки тафтишкунандагон намояндагони мақомотҳои масъул ҳастанд ва мақсад гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои ғайриқонунии неруи барқ мебошанд аз онҳо ҳуҷҷати тасдиқкунанда талаб намоянд. Инчунин илова кард, ки дар ҳолатҳои пайдо гардидани суолҳо ва ё дархосте, сокинон метавонанд ба шумораи телефони боварии вазири корҳои дохила 221 – 27 – 27 тамос бигиранд.

Ёдрас мешавем, ки бо дастури Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ таъсис дода шуд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ аз 10 декабр фаъолияти худро дар миқёси ҷумҳурӣ оғоз намуда, дар ҳар як шаҳру навоҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи барқ миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.

Гуфта мешавад, аз тарафи гурӯҳҳои корӣ низоми истифодабарии барқ аз тарафи ҳар як шаҳрванд, корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон санҷида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.