Ситоди истифодаи сарфакоронаи барқро Рамазон Раҳимзода раҳбарӣ мекунад, ба ӯ занг занед.

Намояндагони ситоди ягонаи ҷумҳуриявии назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ, ҳуқуқ доранд ҳангоми гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз истифодаи неруи барқ дар манзили истиқоматии сокинон дидан намоянд. Дар ҳолати пайвастшавии ғайриқонунӣ нисбат ба соҳибхона чораҳои зарурӣ андешида мешавад, иттилоъ доданд аз ВКД ба «Азия-Плюс». Намояндаи ВКД мегӯяд, «намояндагони мақомтҳои дахлдор […]

Манзума Фирӯз, Asia- Plus

Намояндагони ситоди ягонаи ҷумҳуриявии назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ, ҳуқуқ доранд ҳангоми гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз истифодаи неруи барқ дар манзили истиқоматии сокинон дидан намоянд. Дар ҳолати пайвастшавии ғайриқонунӣ нисбат ба соҳибхона чораҳои зарурӣ андешида мешавад, иттилоъ доданд аз ВКД ба «Азия-Плюс».

Намояндаи ВКД мегӯяд, «намояндагони мақомтҳои дахлдор ҳангоми фаҳмондадиҳӣ метавонанад ноқилҳои барқии сокинонро тафтиш кунанд. Бо онҳо намояндагони ШСХК «Барқи тоҷик» ҳастанд, ки метавонанд аз пайвастшавии ғайриқонунӣ ба зудӣ огаҳӣ ёбанд. Агар ягон амали ғайриқонунӣ пайдо шуд, ҳатман нисбат ба соҳибхона чора дида мешавад».

Ӯ гуфт, роҳбари ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилии кишвар буда, мақсади ситоди мазкур гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ мебошад.

Ҳамсуҳбатамон илова кард, ки ситоди мазкур байни идоравӣ буда, аъзоёни ситод ҳам аз ВКД, КДАМ, Прокуратураи генералӣ, Агентии мубориза бо коррупсия, Вазорати энергетика, Кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш ва ШСХК “Барқи тоҷик” мебшанд, ки вазифаи онҳо асосан гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни шаҳрвандон мебошад.

«Аъзоёни ситод бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди истифодаи неруи барқ мегузаронанд. Ин ситод коргоҳи махсус надорад, чун байни идоравӣ аст. Рамазон Раҳимзода ситодро роҳбарӣ мекунад», – гуфтанд дар ВКД.

Ба гуфтаи манбаъ, сокинон барои он, ки бовари комил дошта бошанд, ки тафтишкунандагон намояндагони мақомотҳои масъул ҳастанд ва мақсад гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои ғайриқонунии неруи барқ мебошанд аз онҳо ҳуҷҷати тасдиқкунанда талаб намоянд. Инчунин илова кард, ки дар ҳолатҳои пайдо гардидани суолҳо ва ё дархосте, сокинон метавонанд ба шумораи телефони боварии вазири корҳои дохила 221 – 27 – 27 тамос бигиранд.

Ёдрас мешавем, ки бо дастури Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ таъсис дода шуд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ аз 10 декабр фаъолияти худро дар миқёси ҷумҳурӣ оғоз намуда, дар ҳар як шаҳру навоҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи барқ миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.

Гуфта мешавад, аз тарафи гурӯҳҳои корӣ низоми истифодабарии барқ аз тарафи ҳар як шаҳрванд, корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон санҷида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.