Дарёфти ҷасади ҷавонзан дар қаламрави назди шабакаҳои барқи Файзобод

Ба гумони даст доштан дар куштори зани 24-сола дар ноҳияи Файзобод ҳамсари 32-солаи ӯ боздошт шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шоми рӯзи 13-уми декабр дар чуқурии назди идораи шабакаи барқии шаҳраки Файзобод ҷасади ҷавонзани 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Д.Алиеви ҳамин ноҳия бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шудааст. Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба гумони даст доштан дар куштори зани 24-сола дар ноҳияи Файзобод ҳамсари 32-солаи ӯ боздошт шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шоми рӯзи 13-уми декабр дар чуқурии назди идораи шабакаи барқии шаҳраки Файзобод ҷасади ҷавонзани 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Д.Алиеви ҳамин ноҳия бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шудааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шавҳараш, марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Дуздӣ) суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

“Номбурда санаи 11-уми декабр ҳангоми муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш ӯро ба назди идораи шабакаи барқии ноҳия бурда, ба чуқурӣ тела медиҳад ва баъди афтидан, ӯро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонида, баъдан, ҷасадро зери хок мекунад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад”, – қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.