Тавсияи БҶ ба Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти мубориза зидди ҷалби ҷавонон ба ифротгароӣ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки барои дастгирии қишри осебпазири аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешад, то ки аз ҷалби ҷавонон ба сафҳои ифротгароии хушунатомез пешгирӣ шавад.

Дар маълумоти нашршуда қайд мешавад, ки аввали соли 2020, ҳанӯз то пандемияи коронавирус Бонки ҷаҳонӣ гузорише чоп карда буд, ки дар он бобати зарурати пешгирии ба тундгароӣ гароидани ҷавонон сухан мерафт.

“Ҳоло мо бештар аз таъсири глобалии иқтисодӣ ва иҷтимоии пандемия огоҳ мешавем, ки ин дар навбати худ хавфҳои тундгароиро бештар мекунад”, – таъкид мешавад дар гузориш.

Қайд мешавад, ки оқибатҳои пандемия ба сатҳи некӯаҳволии иҷтимои аҳолӣ ва иқтисоди кишвар таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

“Азбаски бисёре аз муҳоҷирони тоҷик натавонистанд ба Русия раванд ва ё қабл аз баста шудани марз ба хона баргаштанд, коҳиши шадиди интиқоли пул (таъсири ғайримустақими пандемия) ба зиндагиву пешбурди рӯзгори мардум таъсири амиқ мерасонад”, – таъкид мекунанд иқтисодчиёни Бонк.

Зикр мегардад, ки дар ҳамин ҳол, пандемия ва низоми худгӯшагирӣ (изолятсия)-и баъди он пайдошуда эҳтимол ба хавфҳои тундгароӣ ва ифротгароии хушунатомез, зӯроварии гендерӣ, рӯҳафтодагӣ ва дигар мушкилоти солимии равонӣ тақвият бахшад.

Ба ҳукумати ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати сармоягузорӣ барои баланд бардоштани устувории шаҳрвандони осебпазир ва ҷамоатҳо нисбат ба ин хатарҳо тадбирҳо андешад.

Бонки Ҷаҳонӣ дар навбати худ, ин кӯшишҳоро тавассути Барномаи таҳкими устувории ба наздикӣ оғозёфта дастгирӣ мекунад, ки ҳадафи он дастгирии ҷамоатҳои осебпазири минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон дар Хатлон ва ВМКБ мебошад.

Гуфта мешавад, ҳукумат бо кӯмаки донорҳо метавонад дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро ба сатҳи нав барорад.

Пешниҳод мешавад, ки аз тавсияҳои дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ «Таҳкими устувории ҷавонон ба тундгароӣ» дарҷёфта истифода бурда шавад.

Дар гузориш роҳандозии чунин тадбирҳо тавсия дода шудааст:

– татбиқи барномаҳои тадбирҳои пешгирии аввалия барои ҷавонписарон ва духтароне, ки осебпазир ҳастанд, вале ҳанӯз тундгаро нашудаанд, дар якҷоягӣ бо ислоҳоти барномаи таълимӣ, рушди малакаҳои зиндагӣ ва баргузории корҳои беруназсинфӣ, инчунин дастгирии равонию иҷтимоӣ дар баробари таъмин бо воситаҳои пешбурди зиндагӣ дар маҳалҳо ва роҳандозии тадбирҳо доир ба коҳиши монеъаҳо дар самти рушди соҳибкорӣ;

– амалисозии тадбирҳои навбатии пешгирӣ байни ҷавононе, ки аллакай тундгаро шудаанд. Бо дастгирии ҷамоатҳои маҳаллӣ, мактабу таҳвилгарони хизматрасониҳо ин тадбирҳо барои гузариш ба ҷаҳонбинии мусбат нисбат ба имкониятҳои зиндагӣ равона шудаанд;

– роҳандозии тадбирҳои минбаъдаи пешгирӣ, ки ба ҳамкорӣ ва эътимоди бештар байни мансабдорони ҳукумати маҳаллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷонибҳои манфиатдори ҷомеа дар сатҳи ҷамоатҳо бо мақсади беҳбуди сатҳи устуворӣ миёни   ҷомеа нисбат ба хавфҳои имконпазири хушунат мусоидат менамоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...