Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Тоҷикистон меояд

Asia-Plus

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии Мусолиҳаи миллии Афғонистон бо як сафари дурӯза ба Тоҷикистон меояд. Қарор аст ин сафар рӯзҳои 21-22-уми декабри имсол сурат бигиранд. Ин хабарро ба "Азия-Плюс" Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, қарор аст Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазир Қоҳир Расулзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дидору гуфтугӯ кунад.

Ҳадафи сафари Абдуллоҳ Абдуллоҳ густариши равобити Афғонистону Тоҷикистон унвон мешавад, аммо бархе аз расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки сафарҳои минтақаии раиси Шӯрои олии Мусолиҳаи миллии Афғонистон барои ҷалби ҳимояти кишварҳои ҳамсоя ва минтақа аз музокироти сулҳи Афғонистон анҷом мешаванд.

Тоҷикистон борҳо эълон кардааст, ки аз сулҳе, ки ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии исломии Афғонистон созгор аст, ҳимоят мекунад. 

Бояд гуфт, ки пас аз ба имзо расидани созишномаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва гуруҳи "Толибон" бар сари сулҳ дар Афғонистон дар Давҳаи Қатар, дар ин кишвар музокирот миёни ҳайати расмии давлати Афғонистон ва гуруҳи "Толибон" ҷараён дорад.

Марҳилаи аввали семоҳаи музокироти ҳайати расмии давлати Афғонистон ва гуруҳи "Толибон"  дар Давҳаи Қатар аввали ҳамин ҳафта ба охир расид, ки тими музокиракунандаи Афғонистон ба Кобул баргашт. Қарор аст баъд аз як муддати танаффус ин музокирот дубора ҷараён бигирад. 

То кунун дар натиҷаи ин музокирот тавофуқе бар сари овардани сулҳ дар ин кишвар сурат нагирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...