Дар Суғд манбаъҳои иловагии андозбандиро аз куҷо меёбанд?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раёсати андоз дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии андозро ба Буҷети давлатӣ иҷро карда натавонист. Пас аз мавриди интиқод қарор гирифтан аз ҷониби Кумитаи андоз, онҳо уҳдадор шуданд, ки манбаъҳои иловагии андозбандӣ дарёфт мекунанд.

Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ андозчиёни Суғд нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба андозаи 5,4% камтар аз нақша иҷро карданд. Ба ҷойи 2 млрд 694 млн сомонии пешбинишуда, ба буҷет 2 млрд 548 млн сомонӣ маблағ ворид шуд.

Қисмати хеле зиёди воридоти маблағ ба буҷет аз пардохти андозро бахши хусусӣ таъмин мекунад ва мутаносибан, андозбандии иловагӣ дар навбати аввал ба соҳибкорон дахл хоҳад кард.

“Дар ин давраи душвор тиҷоратро дастгирӣ мебояд, то ки он аз даст наравад, зеро воридоти маблағ ба буҷет ва рушди иқтисод маҳз аз ҷониби ин гурӯҳи андозсупорандагон таъмин мешавад. Аз се ду ҳиссаи даромади ширкатҳои хусусӣ бе ин ҳам барои андозсупорӣ ва пардохти дигар боҷҳо сарф мешавад. Афзоиши сарбории андоз бешубҳа ба қатъи фаъолияти онҳо оварда мерасонад, яъне сарчашмаҳои андозбандӣ кам мешаванд”, – изҳор дошт иқтисодчӣ Насим Холиқҷонов.

Вилояти Суғд яке аз бузургтарин минтақаҳои Тоҷикистон бо соҳаи саноати нисбатан рушдёфта мебошад. Маблағи аз пардохти андоз ҷамъоварда дар ин минтақа ба ҳисоби миёна 35% аз ҳаҷми умумии андозҳои ба буҷет воридмешударо ташкил медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, наздики 70% аз даромадҳои буҷети давлатӣ ба воридоти маблағҳо аз пардохти андоз рост меояд.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, ҳиссаи бахши хусусӣ дар ҳаҷмии умумии даромад аз андоз 80%-ро ташкил медиҳад. Тиҷорат то 70%-и ММД-ро таъмин карда, дар ин соҳа 67% аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъол бо ҷойҳои корӣ таъмин мебошанд.

Ин маънои онро дорад, ки афзоиши сарбории андоз зина ба зина ба тамоми иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсир расонида, боиси афзоиши сатҳи камбизоатии аҳолӣ мегардад.

Соҳибкорон аз он нигаронӣ доранд, ки ҷаримаҳои беасос оғоз гардидаву пешпардохти андоз талаб мешавад ва ин ногузир онҳоро ба қатъи тиҷорат маҷбур месозад.

Коршиносон қайд мекунанд, ки бо чунин муносибат ба тиҷорат, берун рафтани сармоя аз ҷумҳурӣ зиёд мешавад: соҳибкорон тиҷорати худро осонакак ба кишварҳои ҳамсоя интиқол медиҳанд ва ин кор аллакай сурат гирифта истодааст.

Танҳо тайи солҳои ахир баъди рӯ ба беҳбудӣ овардани муносибатҳо бо Ӯзбекистон садҳо нафар соҳибкорони тоҷик дар ин кишвар тиҷорати худро роҳандозӣ намуданд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, дар ин кишвар 178 корхона бо сармоягузории мустақими Тоҷикистон амал мекунанд, ки 103-тоашон тиҷорати муштарак бо соҳибкорони ӯзбек буда, 75 корхона бо сармояи пурраи тоҷирони тоҷик фаъолият доранд.

Инчунин қаблан дар бораи бурунрафти сармоя аз Тоҷикистон ба Қирғизистону Қазоқистон ва ҳатто аз лиҳози вазъи сиёсӣ ноустувори Афғонистон низ сухан мерафт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...