Сарфи назар аз коронавирус: воридоти мошин ба Суғд зиёд шудааст

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Воридоти воситаи нақлиёт имсол ба вилояти Суғд ҳудуди 3 ҳазор адад зиёд шудааст. Давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 16 ҳазору 744 адад нақлиёт ворид шудааст, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 790 адад буд. Бино ба маълумоти Раёсати минтақавии гумрук дар вилоят дар ин давра асосан мошинҳои сабукрав, боркаш ва тракторҳо зиёдтар оварда шудааст.

Маъмулан тоҷикон бештар сабукравҳои “Хундай”, “Мерседес”, “Опел” ва “Тойота”-ро савор мешаванд.

Зиёдшавии воридоти мошин ба вилояти Суғд дар ҳолест, ки бино ба иттилои хабаргузории давлатии "Ховар", дар 9 моҳи соли 2020 воридоти мошин ба Тоҷикистон кам шудааст. "Ховар" бо такя ба Хадамоти гумрук менависад, ки имсол 16 642 адад мошин бо маблағи 87,533 млн доллар ворид шудааст, ки нисбати соли гузашта 1871 адад ё 33,024 млн доллар камтар аст. 

Аҳмадҷон Бобоев, сардори шуъбаи ташкили назорати гумрукӣ ба “Азия Плюс” гуфт, ки санаи истеҳсоли ҳамаи мошинҳои воридшуда баъд аз соли 2005 аст, ки асосан аз Литва, Латвия ва Русия ба Суғд оварда шудааанд.

“Имсол назар ба соли гузашта нақлиёти сабукрав 1690 адад, боркаш 1184 адад ва тракторҳо 113 адад зиёд ворид шуд. Аммо мошинҳое, ки барои ҳамлу нақли 10 нафар ва бештар аз он пешбинӣ шудааст, 29 адад ва мошинҳои махсус (мисол мошинҳои оташнишонӣ, тиббӣ ва ғайра) 4 адад воридоташ кам шудааст”.

Манбаъ афзуд, дар маҷмӯъ давоми ёздаҳ моҳи имсол 11 ҳазору 964  адад сабукрав, 4 ҳазору 343 адад боркаш, 401 адад трактор, 25 адад мусофиркаш ва 11 адад мошинҳои махсус ба вилояти Суғд ворид шудааст. Ҳарчанд воридоти мошин назар ба як соли пеш зиёд аст, арзиши гумрукӣ аз воридот бамаротиб кам шудааст.

Бино ба иттилои Раёсати минтақавии гумрук дар Суғд арзиши гумрукии мошинҳои воридшуда дар ин давра 65 млн 780 ҳазору 53 доллари ИМА-ро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4 млн 902 ҳазору 620 доллари амрикоӣ кам аст. Дар ҳамин давраи соли 2019 арзиши гумрукӣ аз нақлиёти воридшуда 70 млн 682 ҳазору 673 доллари ИМА буд.

Раёсати минтақавии гумрук дар Суғд кам шудани арзиши гумрукии мошинҳоро ба камтар ворид шудани мошинҳои гаронарзиш дар 11 моҳи соли 2020 марбут медонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...