Сардори андози Суғд далелҳои ҷамъ нашудани андозро гуфт: “пинҳонкунӣ дар вилоят беҳад зиёд”

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Сардори Раёсати андози вилояти Суғд дар Шӯрои ҳамоҳангсози ниҳодҳои қудратӣ ва мақомоти андози ин вилоят далелҳои иҷро нашудани нақшаи андоз дар соли 2020-ро гуфт. Додситони вилояти Суғд Фурқат Хоҷазода дар ин Шӯро аз мақомоти андози ин вилоят хост то ҷамъбасти солона нақшаи буҷаи давлатиро иҷро кунад. Ӯ гуфт барои дарёфти манбаъҳои нави андозбандишаванда мақомоти андоз бояд чораҳои иловагӣ андешад. 

Имсол вилояти Суғд нақшаи қисми даромади буҷети давлатиро иҷро карда натавонист. Ба ҷойи 2 млрд 694,3 млн сомонӣ ба буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷҷетӣ 2 млрд 551,3 миллион сомонӣ ворид кардааст, ки нисбат ба нақша 143,1 млн сомонӣ кам аст. Ба ҷузъ шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Зафаробод, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ боқимонда 13 шаҳру навоҳии Суғд нақшаи қисми даромади буҷетро иҷро накардааст.

Чаро нақша иҷро нашуд?

Сардори Раёсати андоз дар Суғд Абдуқаюм Воҳидов сабаби иҷро нашудани нақшаи қисми даромади буҷети давлатиро ба бемории ҳамагири коронавирус вобаста кард ва гуфт “ин беморӣ ба иқтисодиёт таъсири худро расонид.”

“Омили дигар он аст, ки давоми ду соли охир аз ҷумла имсол корхонаҳои истеҳсол ва коркарди маъдан ҳисоб ва пардохти андозҳоро нисбатан кам карда ҳисаи воридот аз ҳисоби ин корхонаҳо дар воридоти умумии буҷети вилоят 12,4% ё худ ба маблағи 564,8 миллион сомонӣ кам шуд”.

Ӯ мегӯяд, имсол барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, соҳибкорони хурду миёнава соҳаҳои осебпазири иқтисодиёт як қатор имтиёзҳои андозӣ муқаррар гардид. Аз ҷумла озодкунӣ аз андозҳо, кам намудани меъёри андоз ва таҳти таътили андозӣ қарор гирифтани соҳаҳои алоҳидаи фаъолият маблағи муайяни андозҳо ба буҷети давлатӣ ворид нашуд.

Сармоягузори мустақими хориҷӣ кам шуд

Мақомоти андоз дар Суғд мегӯяд, ки Тоҷикистон имсол вобастагиро ба сармоягузории мустақими хориҷӣ кам кардааст ва он ба буҷет таъсири худро расонидааст. Ин ширкатҳо якбора 593 млн сомонӣ назар ба як соли пеш кам маблағ пардохт кардааст, ки бетаъсир намонд.  “Ин занҷирае, буд, ки аз ин маблағҳоро мо гирифта бояд соҳаи сохтмонро маблағгузорӣ мекардем. Соҳаи сохтмон, ки аз буҷет маблағгузорӣ мешавад дар давраи сипаришуда 35,6 млн сомонӣ маблағи андозҳоро кам пардохт кард”,-илова кард Абдуқаюм Воҳидов.

Бино ба гуфти сардори Раёсати андоз дар Суғд яке аз масъалаи ташвишовари ин ниҳод напардохтани бақияи қарзи андоз аст, ки андозсупорандагон онро саривақт иҷро накарда истодаанд. Ба санаи 1-уми декабри соли ҷорӣ бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо 131,9 млн сомониро ташкил додааст, ки назар ба оғози сол ба маблағи 26,6 млн сомонӣ зиёд мебошад.

“Афзоиши бақияпулиҳои андоз асосан ба муваққатан қатъ гардидани ҳамлу нақли мусофиркашони ҳавоӣ, паст гардидани ҳаҷми истеҳсолот, саривақт тамин нашудани ӯҳдадориҳои андозӣ аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ,маблағгузори нашудани корхонаҳои давлатӣ буда пардохтпазирии чунин андозсупорандагон паст гардидааст.”-

Додситони вилояти Суғд Фурқат Хоҷазода мақомоти андози ин вилоятро муваззаф намуд барои дарёфти манбаъҳои нави андозбандишаванда чораҳои иловагӣ андешад. Ӯ гуфт “4341 хоҷагиҳои деҳқонӣ аз қайд берун монда, 700 нафар соҳибкорони бозорҳои “Сомон”, “Корвон” ва “700 солагии Ҳамадони”-и шаҳри Бӯстон бояд бо шаҳодатнома кор карда ба буҷет ба таври иловагӣ 560 ҳазор сомонӣ супоранд. Масъалаи ситонидани қарз аз ҳисоби амволи ҶСК “Нурафшони” ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 2,8 млн сомонӣ, ки боқӣ мондааст, бояд ҳал карда шавад.”- супориш дод додситонӣ

“Пинҳонкунӣ дар вилоят беҳад зиёд”

Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати андоз дар Суғд бо ишора ба он ки мегӯяд, имсол 2968 адад ё худ 2,3 маротиба қарорҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозро зиёд кардаанд, вале иҷроӣ шудан ҳамагӣ 72% аст. Вай гуфт баъди хурӯҷи пандемияи коронавирус масъулияти андозсупорандаҳо коҳиш ёфт. Дар натиҷаи 350 санҷиши маҷмӯии мақомоти андоз 54,9 млн сомонӣ маблағи бар илова ҳисоб шудаи андозҳо ошкор ва якҷоя бо қарзҳои пешина 58 млн сомониро рӯёнидаанд.

“Пинҳонкунӣ ҳам дар вилоят беҳад зиёд аст. Дар соҳаҳои истеҳсол аз ҳисоби нишон надодани манбаъҳои андоз ва фақат аз ҳисоби чигит, ки ба корхонаҳои равған фурӯхта мешавад, ҳамагӣ 4,2% ба корхонаҳои равғанбарорӣ ворид шуда, боқимонда гӯё ба мардум фурӯхта шудааст. Аз ин бар меояд, ки корхонаҳои равғанбарорӣ чигити истеҳсолшударо дар солҳои 2018, 2019 ва 2020 низ ба мардум фурӯхтем гуфта ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд ва мушкилотҳо дар ин самт хело зиёд аст”.

Ӯ аз имтиёзҳои андозӣ дар вилоят сухан кард, ки фақат дар соҳаи саноат 83,3%-ро ташкил медиҳад ва дар як сол наздик 9 миллиард сомонӣ манбаъҳои  имтиёзӣ мавҷуд мебошад. Аммо бо вуҷуди он корхонаҳое, ки дорои имтиёз ҳастанд даромади худро пурра нишон надода пинҳон медоштаанд. “Мисол ширкатҳои ҳасиббарорӣ дар 10 моҳи соли равон ҳамаги 600 тонна ҳасиб истеҳсол кардаанд, ҳол он ки дар нишондиҳандаҳои оморӣ фақат гӯшти мурғи истеҳсолшуда дар вилоят 660 тоннаро ташкил медиҳад.”- гуфт сардори Раёсати андоз.

Вай афзуд аз 589 андозсупоранда, ки ба рӯйихати маратория дохил аст зиёда аз 80%-и онҳо даромадашонро дар умум кам намудаанд ва ё ҳисоби андоз ё пардохти андозро кам кардааст. Ва рӯйхати ин андозсупорандагонро бино ба гуфти сардори Раёсати андоз дар Суғд Абдуқаюм Воҳидов ба унвонии Шӯро пешниҳод мекунанд.

Дар соли 2020 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии вилояти Суғд бо афзоиши 18,2% қабул гардида буд, ки нисбати соли 2014 зиёда аз 2,5 маротиба бештар мебошад. Дар пайи иҷро нашудани ҷамъоварии андози буҷети давлатӣ мақомоти андоз тасмим дорад ин камбудро бо пуштибони аз корхонаҳои азими вилоят то охири сол таъмин кунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...