Хуҷанд: Ғорати дорухонаҳо аз ҷониби ноболиғони қаблан судшуда

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Милитсияи шаҳри Хуҷанд се нафар ноболиғонро ба гумони даст доштан ба дуздӣ дар дорухонаҳо боздошт намуд.

Бино ба иттилои ВКД, ноболиғон яке 15 ва дуи дигар 17 сол доштаанд ва аз ду то чор маротиба барои дуздӣ суд шудаанд.

Гуфта мешавад, ин гумонбарон ҳамчун душвортарбия дар қайди милитсия қарор доранд. Агар ду навраси 17-сола 4 маротиба барои дуздӣ суд шуда бошанд, шарики 15-солаи онҳо ду маротиба бо ҷурми дуздӣ доғи судӣ гирифтааст. Ин навбат ба дуздии маблағи пулӣ аз дорухонаҳо иқдом кардаанд, ки  бо усули шикастани қулфи дари даромад ё тиреза онро содир намудаанд.

Кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд  дуздиҳои аввалҳои моҳи декабр содиршударо, ки тафтишоти пешакӣ 7 ҳолати дуздии маблағи пулӣ аз хазинаи дорухонаҳои ҳудуди шаҳри Хучанд ва 4 ҳамингуна ҳолатро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор кард, ба ин наврасон нисбат медиҳад. Ва онҳо дуздиро бо маслиҳатҳои пешакӣ шабона содир мекардаанд.

Ба иттилои манбаъ, хазинаи 4 дорухона дар кӯчаи К.Хуҷандӣ, яктогӣ дар суроғаҳои кӯчаи Гагарин, маҳаллаҳои 32 ва 33 шаҳри Хуҷанд ба яғмо бурда шудааст. Камтарин зарар 400 сомонӣ ва аз ҳама бештар 1 700 сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Шумораи дорухонаҳои зарардида, ки айни ҳол 11 адад мебошад, ниҳоӣ нест. Гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд дуздиҳои бо ҳамин шева содиршуда ва изи содиршавиашон ба услуби иттифоқи сегона ҳаммонандро бо методҳои оперативию криминалистӣ мавриди тафтиш ва коркардҳои иловагии оперативӣ қарор додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...