Истеҳсоли барқ дар неругоҳҳои Тоҷикистон 8% кам шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2020 дар неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон каме бештар аз 3,8 млрд кВт/соат барқ истеҳсол шуд, ки 8% (300 млн кВт/соат) камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 мебошад.

Дар ҳамин давраи соли пешин дар неругоҳҳои барқи обии ҷумҳурӣ ҳудуди 4,1 млрд кВт/соат барқ истеҳсол шуда буд.

Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, бо назардошти барқи истеҳсолшуда дар марказҳои барқу гармидиҳӣ, тӯли 11 моҳ 17,7 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 5,3% (1 млрд кВт/соат) камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст.

Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар ин давра ба ҳисоби миёна наздики 53 млн кВт/соатро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба 92,3% ва марказҳои барқу гармидиҳӣ – ба 7,7% баробар аст.

Аз оғози соли 2020 аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 53 млн доллар неруи барқ содирот шудааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-ноябри соли гузашта 41,9% (38,2 млн доллар) камтар мебошад.

Аз ҷумла, тирамоҳи соли ҷорӣ ба маблағи зиёда аз 6,6 млн доллар неруи барқ содирот шудааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои сентябр-ноябри соли 2020 ба андозаи 55% (8,2 млн доллар) камтар аст.

Қобили зикр аст, ки тирамоҳи имсол сокинони Тоҷикистон ба ҷуз шаҳрҳои нисбатан бузург, дар интиқоли барқ маҳдудият доштаанд ва ҳамагӣ якчанд соат дар як шабонарӯз бо барқ таъмин мешуданд.

Вазъияти бамиёномадаро ширкати “Барқи тоҷик” чунин маънидод кард, ки дар иншооти электроэнергетикӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ ҷараён доранд.

Таъмини пурраи саросари кишвар бо неруи барқ аз 10 декабр барқарор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...