Луқмон Бойматов муаррихи шинохтаи тоҷик, ки солҳои ахир дар мавриди чеҳраҳои барозандаи таърихи тоҷикон пажӯҳиш мекунад ва осоре ҳам дар ин росто ба нашр расонидааст, дирӯз навишт, ки "Китоби «Темурмалик дар пажўҳишҳои таърихӣ» нашр намешавад". Ба гуфтаи муаллиф ин китоб мебоист ба муносибати 800-умин солгарди дифоъи Хуҷанд дар баробари ҳамлаи муғул нашр мешуд.
Аммо касоне, ки ваъдаи чопи китобро додаанд, гуфтаанд, ки ин китобро нашр намекунем. Муаллиф дар навиштаи фейсбукии хеш ишораҳое ба баъзе устодони риштаи таърихи Донишгоҳи Хуҷанд ва ҳукуматдорони Хуҷанд мекунад. Мо бо эшон мусоҳиба оростем ва пурсидем, ки далели аслии рад кардани чопи китоб чист.
Навиштед, ки пас аз гузаштани ду сол дар Хуҷанд тасмим гирифтаанд, ки китоби шумо "Темурмалик дар пажӯҳишҳои таърихӣ" нашр нашавад. Лутфан бигӯйед, ки чӣ касоне ин тасмимро гирифтаанд?
– Гуфтаниҳое ҳастанд, ки ба хотири ҳифзи равобити оянда бо афрод набояд гуфта шаванд. Ин яке аз рукнҳои ахлоқи инсонист, ки бояд риоят шавад.
Нахуст бояд бигӯям, то кунун ҳеч китоберо дар Хуҷанд ба чоп нарасонидаам. Сипас, дуруст аст, беш аз ду сол, чанд тан аз аҳли илм ва фарҳангиёни маъруф (исмашонро намехоҳам ин ҷо биёрам), пас аз гиламандии ин ҷониб аз вазъи зиллатбори Темурмалик ва хуҷандиён дар ватанаш, пешниҳоди чопи китоби моро дар интишороти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд карданд ва ман бо камоли мамнуният пазируфтам. Фақат таъкид намудам, ки ин маҷмӯъа бояд то поёни соли 2019 ба чоп расад, то битавонам ба истинод ба матолиби он, китоби ҷомеъи худро дар ин замина соли 2020 бахшида ба 800-мин солгарди воқеъа ба чоп бирасонам.
Дареғо, бо далоиле ҳеч як аз ваъдаҳо анҷом нашуд ва ҳамон гуна ки навиштам, тамомии умедҳо низ барбод рафтанд. Агар фарҳангиёне, ки масъулиятро бар дӯш гирифта буданд, ҳар чӣ сареътар посух медоданд, имкон доштам ин маҷмӯъаро дар охари 2019 дар яке аз интишороти Аврупо ба чоп бирасонам.
Бори дигар мегӯям, чопи китоб дар шаҳри Хуҷанд барои мо муҳимм набуд, балки наҳваи бархӯрди фарҳангиёни муъосири ин диёри фарҳангзову фарҳангнаворо бисёр нигаронкунанда мебинам.
Муҳиммтарин далели радди чопи китоб дар чист?
– Аслитарин далели радди чопи ин китоб дар вуҷуди интиқод аз назароти иддае аз донишмандон ва устодони улуми таърихи ватанӣ ва низ интиқод аз иштибоҳот ва бетаваҷҷӯҳии масъулини бахши идеологияи ҳоким аст. Аз ин рӯ, масъулин хостанд то тамомии назароти интиқодӣ аз китоб ҳазф шаванд, ки мусалламан, муаллифи воқеъбин ҳозир нест ҳамчунин шартро бипазирад.
Ҳастанд афроде, ки ҳақиқатҳоро намепазиранд. Инон намефаҳманд, ки воқеъиятҳои таърихӣ танҳо пас аз баҳс рӯшан мешаванд. Зимнан, магар бидуни нақди илмӣ имкони тафсири воқеъиятҳо ва расидан ба роҳи ҳақиқат ҳаст? Ва агар нест, пас чӣ гуна метавон осори илмӣ ва пажӯҳиширо, ки ба як мавзӯъи ихтисосдоштаро бидуни нақд тадвин кард?
Зимнан, ин маҷмӯъае буд, шомили мақолоти баргузидаи муаллиф, ки қаблан дар нашрияҳои илмӣ ва илмӣ-фарҳангии кишвар нашр шуда ва фақат ба хотири гиромидошти рӯйдоди таърихии солҳои 1219-1220 ва шахсияти таърихии Темурмалик таҳия гардид, ки воқеъан, ҳанӯз ҳам ҷойи ҳамчунин маҷмӯъаи мақолоти илмӣ холист.
Ҷойе ишора кардаед, ки устодони факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бояд посухи ин корро бигӯянд. Ҳамчунин ишораҳое ба ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҳам доред. Онҳо чӣ нақше дар нашр нашудани китоб доранд?
– Илм навъе аз ибодат аст. Ва хитобам низ ба масъулин ва устодони факултаи таърих бисёр возеҳ аст. Яке аз сабабҳои вазъи номуносиби ба вуҷуд омада дар қазияи Темурмалик ва бузургдошти дифоъи хуҷандиёнро дар адами масъулият ва сукути онон дар мавриди муҳимм будани воқеъи таърихӣ мебинам.
Дар ҳақиқат, пурсишҳое ҳастанд, ки ниёз ба посухҳои илмӣ доранд. Воқеан, зикри номи бузургон ва ёди муҳиммтарин ҳаводиси таърих ҷурм аст? Дифоъи мардуми Хуҷанд дар баробари ҳамлаи муғул барои мардуми тоҷик ҳойизи аҳаммияти таърихист ё хайр? Агар посухи таърихшиносони хуҷандӣ ба ин суол мусбат аст, пас ба чӣ далел 800-умин солгарди ин воқеъа, дар саросари кишвар, ҳатто дар меҳани қаҳрамонони таърих ба гунае, ки шоиста бошад, зикр нашуд?
Ҳадди ақал мутахассисин ва коршиносони таърих бинависанд, чӣ чизе боис шудааст, ки дар ин мавриди бузургдошти дифоъи қаҳрамононаи Хуҷанд сокит бошанд, то мардум огаҳ аз ҳақиқатҳои таърих худ бошад.
Иқодомоти масъулини вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро дар мавриди ёдбуди Темурмалик ва муборизони хуҷандӣ, бо таассуф, комил ва бар мабнои додаҳои илмӣ ва натоиҷи пажӯҳишҳо набуда ва нестанд. Дар ин бора нақду баррасиҳои муфассале аз ҷониби мо арза шуда, теъдоде ҳам дар ҳамин маҷмӯъа баргузида ва такмилу тасҳеҳ шуданд, аз ин рӯ, хулосавор мегӯям, ки бардоштҳо ва тасмимоти масъулин бахши илелолужик ва фарҳангии ҳукумати Суғд пиромуни ҷойгоҳи Темурмалик дар таърих ба кулл хатост ва берун аз мантиқ ва додаҳои илмист.
Тасаввурашро наметавон кард, масъуле дараҷаи аввали ин бахш оқои дуктур Тоҷибой Султонӣ ба ин назар аст, ки ба далели ин ки Темурмалик дар ҷанги зидди муғул шикаст хӯрдааст, имрӯз шоистагии «ҷашн ва бузургдошт» -ро надорад. Ба ростӣ, ҳамоқате, ки аз забони як «олими ирфоншинос» ва масъули идеулужики давлат (дар зомоне ки миллат ниёзманди тақвияти ҳувияти таърихии худаш аст) бо камоли итминон арза мешавад, аз ин беш наметавонад бошад.
Шумо мегӯйед, ки зикри баъзе аз диловарони таърих далел бар ин шуд, ки китоб нашр нашавад? Чӣ номҳову кадом диловарону чеҳраҳои таърихие ҳастанд инҳо?
– Манзури хитоби мо қабл аз ҳама аҳли илм ва сипас ба масъулини кишвардорӣ аст. Бо камоли таассуф, шоҳидем ва борҳо дар силсилаи мақолоти мо омадааст, аҳли илм ва масъулин дар тӯли баъд аз касби истиқлоли кишвари Тоҷикистон иқдоме, ки дар хӯр ва эътибори бузургон ва диловарони таърихи миллӣ бошад, накардаанд. Бояд ба худ бияндешем, ин амал бисёр ва бисёр ҳам барои худ масъулин ва ҳам барои миллат дар миёни миллатҳои дунё зишт аст.
Бифармоед, оё зикри ном ва бузургдошти қаҳрамонони миллӣ, аз қабили: Спитамон, Муқаннаъ, Деваштич, Темурмалик, Маҳмуд, Алӣ ва Муҳаммади Торобӣ, Сарбадорони Самарқанд ва даҳҳо дигарон дар ин рӯзгоре, ки қавмҳо ва миллатҳои дигаре бо тамомии пуррӯйӣ ва ҳатто аз роҳи дурӯғу зӯргӯйӣ таърих ва мероси миллиро ба ғорат мебаранд, лозиму зарурӣ нест?
Наслҳои имрӯз, яъне мову шумо амонатдорони мероси гузаштагонем, дар баробари ин «чаповулҳои асри 21» чаро хомӯш бояд бошем? Ба назарам, алъон замонест, ҳар қавме, ки зӯр аст, ганҷҳои заррини таърихро низ соҳиб мешавад. Темурмалик фақат яке аз ин диловарони таърихи миллист, бояд барояш арҷгузории шоиста мешуд, ки нашуд. Ҳатто дар ватанаш барояш эҳтироме, ки воҷиб аст, адо нашуд. Зимнан, дар ин маврид навиштаи муфассалеро таҳия кардаам ва иншоаллоҳ, дар ҳамин маҷмӯъа афзуда ҳоҳам кард.
Мегӯйед, ки китоб бо машвараҳову маслиҳатҳои академик Акбари Турсон таҳия шудааст. Оё ин асар ҷустору ковишҳои наве дорад, ки дар асарҳои то ин дам нашршуда набошад ва барои хонандаҳо ва мухотабин иттилооти нави илмиву таърихнигорӣ дошта бошад?
– Ҷойи сипосгузорист, ки устод Акбари Турсон дар ҷиҳати таҳияи ин маҷмӯъи машваратҳои судманде дода ва бидуни шак, пешниҳодоти эшон дар такмилу тасҳеҳи мутуни мавриди назар бисёр муфид буд.
Дар мавриди ин ки ин асар «ҷустору ковишҳои наве» аст ё на. Он гуна, ки дар унвони маҷмӯъа зикр шудааст, ағлаби мақолот баргузида аз навиштаҳои қаблан чоп шуда. Мутмаинан, ҳар як аз мақолоте, ки дар ин маҷмӯъа баргузида шудааст, ҳамроҳ бо назари комилан наве ироъа шуда ва навиштаҳо чӣ аз назари манобеъшиносии таърихӣ, чӣ аз диди таърихи таърихнигорӣ ва чӣ аз назари нақду баррасиҳои навтарин пажӯҳишҳо дар мавриди Темурмалик ва ҳодисаи Хуҷанди асри муғул ба маънии илмӣ нави наванд. Шакк надорам, агар ин маҷмӯъа бидуни тағйирот чоп шавад, хонандагон ва ҳаводорони таърихи миллӣ ҳоҳанд дид ҳар як аз нақду нигоштаҳо чӣ чизе ва ё чӣ паёмеро ҳамроҳ доранд.
Ин китоб бояд ба муносибате дар Хуҷанд нашр мешуд?
– Борҳо гуфтаам, дифоъи қаҳрамононаи Хуҷанд дар баробари ҳамлаи муғулони барбар, воқеъае нест, ки фақат марбут ба таърихи Хуҷанд бошад. Ин рӯйдодест, бо азимтарин фаҷоеъи башарӣ, ки дар қарни 13 мелодӣ ба вуқӯъ пайвастааст, гиреҳ мехӯрад ва диловариҳои хуҷандиён дар таърихи башар беназир аст. Ба ростӣ, он чӣ мегӯям, як ҳарфи хушк ва ё ибораи таъруфӣ нест, балки назарест бар пояи пажӯҳишҳои сангин устувор аст. Сареҳан метавон гуфт, дар рӯзгори ҷанги муғул сипаҳсолоре, ки ба ҳадди Темурмалик ҷонфишонӣ карда бошад, дида намешавад.
Имкон дорад, ки китоб аз ҳисоби пуштибониҳои мустақил нашр шавад?
– Бале, имкон дорад. Иттифоқан, маҷмӯъаи мақолоти мавриди назар низ аз ин роҳ бояд ба чоп мерасид. Ягона умеди мо низ ба ҳамин роҳ буд ва ҳаст, чун собит ва дида шуда, ки масъулини вилояти Суғд боре ҳам нашудааст, ки иқдомотеро, ки аз назари ҳадаф миллӣ ва созанда дар ҷиҳати бузургдошти ҷойгоҳи Темурмалик ва аз худгузаштагиҳои ҳуҷандиён алайҳи ғосибони муғул аз худ буруз карда бошанд, накардаанд.
Бо таъкид мегӯям, ки манзурам анҷоми пажӯҳишҳои шоистаи илмӣ ва чопи осори воқеан ҳам илмӣ, на нашри мадҳу ситоишҳои шоирони хушбини навин ва ё хаёлпардозиҳои нависандагони кӯҳнатабъ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


