Милитсияи пойтахт шахсияти ғоратгари шахсонро дар гузаргоҳҳои зеризаминӣ муайян кард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Боздоштшуда сокини 36-солаи деҳаи Чилчинори шаҳри Ҳисор Бахтиёр Кенҷаев мебошад, ки қаблан барои роҳзанӣ ва қаллобӣ се маротиба суд шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, 19 декабр як ҷавонзани 30 солаи сокини пойтахт бо пахши навор дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ дод, ки ҳангоми убур намудани гузаргоҳи зеризаминии роҳи сеқабата (эстакада)-и маҳаллаи Қарияи Боло як нафар марди ношиноси тахминан 35-40 сола ба ӯ ҳамла намуда, мехост нисбаташ ҳаракату кирдорҳои ғайриқонунӣ анҷом диҳад.

Гуфта мешавад, баъди садо баланд намудани ҷавонзан марди ҳамлагар аз ҷои ҳодиса фирор намудааст.

“Баъди сар задани ҳодиса ҷавонзани 30-сола ба мақомоти милитсия ҳозир гардида, бо навиштани ариза аз мақомоти корҳои дохилии пойтахт талаб намуд, ки нисбати амалҳои ғайриоқнунии марди ношинос, ки мехост ба у ҳамла намояд, чораҳои қонунӣ андешида шавад”, – омадааст дар маълумоти Раёсат.

Кормандони милитсияи пойтахт  рӯзи 20 декабр ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят сокини 36-солаи деҳаи Чилчинори шаҳри Ҳисор Бахтиёр Кенҷаевро боздошт карданд, ки қаблан барои роҳзанӣ ва қаллобӣ се маротиба маҳкум шудааст.

“Ҳангоми амалинамоии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки 13 декабр ӯ бо усули барояш маъмулӣ дар маҳаллаи 82-и пойтахт аз дасти ҷавондухтари ноболиғ як адад телефони мобилии тамғаи «РЕДМИ», арзишаш 1500 сомониро ба таври ошкоро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”, – иттилоъ медиҳад милитсияи пойтахт.

Зикр мегардад, ки нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаҳои 32 қисми 3 ва 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Суиқасд ба ғоратгарӣ ва ғоратгарӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар сурати исботи гуноҳаш ба ӯ 10 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...