Қарзи корхонаҳои Тоҷикистон ба беш аз 8 млрд доллар расид

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарзи корхонаву ташкилотҳо дар зарфи се моҳ 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 305 млн доллар бо қурби миёна дар соли 2020) зиёд шуд.

Ба ҳолати 1 октябри соли равон қарзи корхонаву ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда наздики 87 млрд сомонӣ (8,2 млрд доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Дар аввали нимаи дуюми соли ҷорӣ қарзи ташкилоту корхонаҳо андаке бештар аз 83,8 млрд сомониро ташкил дода буд.

Ҳиссаи корхонаву ташкилотҳои зиёновар ба ҳолати 1 октябри ҳамин сол ҳудуди 28%-ро ташкил медиҳад. Чунин корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати коркард, инчунин сохтмон, нақлиёт ва алоқа ба қайд гирифта шудааст.

Корхонаҳои зиёновар дар сатри “корхонаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ” бо шумули ШСХК “Барқи тоҷик”, ҶСК “Тоҷик Эйр”, ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” ҷойгир шудаанд.

Қаблан Кумитаи андоз иттилоъ дода буд, ки бақияи қарзҳо аз андоз дар соли равон 440 млн сомонӣ афзуда, ҳаҷми умумии он (бо назардошти солҳои пешин) ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ ба зиёда аз 1 млрд сомонӣ расидааст.

Зикр гардида буд, ки афзоиши қарз аз андоз дар соли ҷорӣ дар навбати аввал аз ҳисоби андозсупорандагони бузурге чун ҶСК “НБО Сангтӯда-1” (115,6 млн сомонӣ), ҶСК “НБО Роғун” (43,2 млн сомонӣ), ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (22 млн сомонӣ), ҶСК “Тоҷиктелеком” (18,8 млн сомонӣ), фурудгоҳу ширкатҳои ҳавопаймоӣ (67,8 млн сомонӣ) ва ғайра ба вуҷуд омадааст.

Аввали соли равон ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур дода буд, ки дар ҳамдастӣ бо дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ баҳри кам кардани қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешад.

Миёни корхонаҳое, ки ба коҳиш додани уҳдадориҳои молиявӣ ва қарзҳои кредиториашон супориш дода шудааст, ШСХК “Барқи тоҷик”, ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО), ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе”, ҶСК “Тоҷик Эйр”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” зикр шуда буданд.

Байни корхонаҳои Тоҷикистон айни замон қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз дигарон нисбатан бузургтар буда, 26 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...