Тоҷикистон ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки воксини коронавирусро аз кӣ мехарад

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз мушаххас нест, ки ин ниҳод аз кадом кишвар воксини алайҳи коронавирусро мехарад. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба хабаргузории русии РИА Новости гуфта буд, ки Тоҷикистон барои воридоти воксини навъи "Спутник V"-и истеҳсоли Русия бо мақомоти кишвараш вориди гуфтугӯ шудааст.

Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин хабарро бепоя медонад.

Интизор меравад Тоҷикистон танҳо баъди озмоиши марҳилаи сеюми воксини зидди коронавируси Русия тасмими ба даст овардани онро хоҳад кард. Тавре аз маркази матуботии Вазорати тандурустӣ ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, баъди тасдиқ гардидани озмоиши охирони воксин масъалаи дастарс намудани он мавриди гуфтугӯ хоҳад шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ки дар масъалаи воридоти воксин бо Вазорати тандурустӣ ҳамкорӣ мекунанд ва шарту шароити ворид кардани онро ин ниҳод хубтар медонад.

Дар дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ гуфтанд, воксини Русия охирон марҳилаҳои озмоишҳои клиникиро бояд гузарад ва Тоҷикистон танҳо баъди гузаштани ин марҳилаҳо бо ҷониби Русия барои дарёфти ин воксин вориди гуфтугӯ мешавад.

«Тавре шумо медонед, воксинаи Русия аз ду марҳилаҳои озмоишҳои клиникӣ нагузаштааст. Вақте ки охирон марҳилаҳоро мегузаранд ва самаранокии воксина исбот мешавад, мо гуфтушунидҳоро барои харидории он оғоз мекунем. Дар ҳоли ҳозир, ин масъала баррасӣ намешавад”, – гуфтанд масъулони дафтари матбуоти вазорат.

Ин ҳам дар ҳолест, ки вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки Тоҷикистон дар доираи як механизми Иттиҳоди ҷаҳонии воксин ва масунсозӣ (GAVI) бо номи COVAX ҳамкориро оғоз кард, ки қарор аст дар доираи ин 1,8 миллион ё 20 дар сади аҳолии Тоҷикистон бо воксини ройгон таъмин шаванд.

Аммо вазири тандурустӣ нагуфтааст, ки Тоҷикистон ин воксинро аз куҷо дарёфт мекунад ё мехарад.

Вазири тандурустӣ ҳамчунин гуфтааст, ки “ғайр аз ин, барои харидории ваксина аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ  3 миллион доллар ҷудо гардида, иловатан ҷудо намудани 5 миллион доллари америкоӣ дар назар дошта шудааст”.

Ҳоло вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон барои дарёфти воксини зидди коронавирус баъди исботи самаранокии воксина ба Русия дархост хоҳад фирист.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳоло  дар Вазорати тандурустӣ гуруҳи корӣ оид ба ҳисобу китоб ва муайян намудани миқдори зарурии воксин барои ҷумҳурӣ таъсис дода шуда, пеш аз ҳама, воксина барои беморони гирифтори диабети қанд, бемориҳои роҳи нафас, кормандони соҳаи тиб, онҳое, ки ба ҳифзи сарҳад машғуланд ва танҳо баъд барои аҳолии солим ҳисоб карда мешавад.

Ҷамолиддин Абдуллозода ҳам гуфтааст, ки дар доираи ташаббуси COVAX пеш аз ҳам “кормандони соҳаи тиб, маориф, аҳолии аз 50- сола боло ва шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ” воксин зада мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...