Тоҷикистон хостори таътили муваққатӣ барои пардохти қарзҳояш шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон дар сафи кишварҳое қарор дорад, ки чанде қабл дар бораи иштирокчии ташаббуси Бистгонаи бузург шудан бобати боздошти пардохти қарзҳо дархост дода буданд, хабар медиҳад Бонки ҷаҳонӣ.

Ташаббуси мазкур танҳо ба қарзҳои дуҷониба дахл дорад, яъне қарз назди кишварҳои ҷудогона, на қарзҳои бисёрҷониба, ки маънои қарз ба ниҳодҳои молиявии байнулмилалиро дорад.

“Ҳадаф аз ташаббуси мазкур дастгирии кишварҳои даромадашон паст тариқи боздошти пардохти расмии қарзи дуҷонибаи онҳо то нимаи соли 2021 аст”, – қайд мешавад дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ оид ба иқтисоди Тоҷикистон.

Иқтисодчиёни Бонк бар ин назаранд, ки ин амал маблағҳои заруриро аз буҷети кишварҳо барои равона кардан ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла бахши тандурустӣ дар шароити муқовимат бо пандемия озод мекунад.

Гуфта мешавад, дар доираи ин ташаббус Тоҷикистон аллакай бо Чин созиш ҳосил намуд, ки ҳудуди 40% аз ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд.

“Ҳукумат бо дигар қарздеҳони дуҷониба дар бораи таваққуфи муваққатӣ дар пардохти қарз гуфтушунид дорад”, – таъкид мекунанд дар Бонки ҷаҳонӣ.

Дар ҳадди муфлисӣ (варшикастагӣ) аз қарз?

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, ки қарзҳои нави дар соли 2020 ҷалбшуда сатҳи қарзи давлатии Тоҷикистонро баланд бардоштанд.

“Ҳукумат касри бештар баланди буҷетро дар робита ба пандемияи COVID-19 аз ҳисоби қарз маблағгузорӣ кард. Барои ҳалли мушкилоти вобаста ба пандемия ва рӯйпӯш сохтани касри андозу буҷет, ки дар натиҷаи камбуди даромад ба вуҷуд омад, созмонҳои байнулмилалӣ ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва инчунин барномаҳои дастгирии буҷет суръат бахшида, ба ин васила ҳукуматро дастгирӣ намуданд”, – қайд мекунанд таҳлигарони Бонк.

Онҳо ба қарзи таъҷилии Хазинаи байнулмилалии асъор дар ҳаҷми 189,5 млн доллар, ки моҳи майи соли гузашта ҷудо гардида буд, инчунин қарзи Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) ба маблағи 50 млн доллар ишора мекунанд.

Ин қарзҳо дар баробари грантҳои Бонки осиёии рушд (102,5 млн доллар) ва Бонки ҷаҳонӣ (11,3 млн доллар) ба тадбирҳои муқовимат бо COVID-19 равона шуданд.

Зикр мегардад, ки қарзи берунаи Тоҷикистон аз 36,6% нисбат ба ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар охири соли 2019, моҳи сентябри соли 2020 қариб ба 40% нисбат ба ҳаҷми ММД-и кишвар расидааст.

“Чун Тоҷикистон ба хавфи баланди муфлисӣ (дефолт) аз қарз осебпазир аст, ҳама гуна қарзи нави бидуни имтиёз қарзи давлатиро боз ҳам ноустувортар месозад”, – илова мекунанд коршиносони Бонки ҷаҳонӣ.

Чанде пеш иқтисодчиёни ФАСР ба Тоҷикистон тавсия дода буданд, ки “бо назардошти сатҳи ҷории рушд, нисбат ба уҳдадориҳои қарзӣ эҳтиёткорона муносибат зоҳир кунад”.

Ба киҳо чӣ қадар қарздорем?

Мувофиқи маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1 октябри соли 2020 ҳудуди 3,2 млрд долларро ташкил дод, ки 275 млн доллар зиёдтар нисбат ба аввали соли гузашта аст.

Беш аз 95% дар ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон (зиёда аз 3 млрд доллар) ба қарзе рост меояд, ки барои амалисозии лоиҳа ва фармоишҳои давлатӣ ҷалб шудаанд.

Қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна 91,1 млн доллар ва қарзи корхонаҳои давлатӣ, ки кафолати ҳукуматро надоранд, 31,5 млн долларро ташкил медиҳанд.

Қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба Хазинаи байнулмилалии асъор, Чин, Бонки исломии рушд ҳамагӣ ба 22,5 млн доллар баробар мебошад.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар асосан аз ҳисоби гирифтани қарз аз Хазинаи байнулмилалии асъор моҳи майи соли равон ба маблағи 189,5 млн доллар зиёд шуд.

Қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин (ҳудуди 1,2 млрд доллар) мебошад.

Қарзҳо аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) дар бозорҳои байнулмилалии молиявӣ 500 млн долларро ташкил медиҳад. Инчунин назди Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва ХБА низ қарзҳо дар ҳаҷми начандон зиёд вуҷуд доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...