Ӯктами Холиқназар нависанда ва забоншиноси шинохта даргузашт

Asia-Plus

Ӯктами Холиқназар, нависанда, тарҷумон ва донишманди пуровозаи риштаи забон, имрӯз дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт. 

Гуфта мешавад маросими ҷанозаи ӯ фардо дар Душанбе баргузор мешавад.

Ӯктами Холиқназар яке аз равшанфикрони фаъоли охири солҳои 80-уми ва оғози солҳои 90-ум буд, ки нақши барозанде дар талошҳо барои мақоми давлати гирифтани забони тоҷикӣ дошт. Ин донишманди фақид узви садорати созмони маъруфи "Растохез" буд. Ӯ дар оғози солҳои 2000 китоби маъруфи худ "Ғалат менависем"-ро нашр кард, ки ҳангомаҳое дар матбуоти он замон ба вуҷуд овард. 

Баъдан Ӯктами Холиқназар дар матбуот ба чигунагии забони бархе осори илмиву адабӣ пардохт ва сари чанд вақт мақолаҳое ба нашр мерасонд. 

Ӯктами Холиқназар дар баробари ин нависандаи чирадаст ва тарҷумони бархе аз осори адибони маъруфи дунё буд. Ӯ китоби "Мартин Иден"-и нависандаи маъруфи амрикоӣ Ҷек Лондонро ба тоҷикӣ тарҷум карда буд, ки яке аз тарҷумаҳои муваффақи адабӣ эътироф шуда буд. "Рӯзноманигори озод" ҳам яке аз китобҳои дигари ин нависандаи маъруф буд.

Ӯктами Холиқназар бо мавзуеъгириҳои бисёр қотеъи худ ҳам дар муҳити адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон маъруф буд. Аз ҷумла ӯ соли 2005 бо навиштани як мақолаи дусаҳфаӣ дар нашрияи "Миллат" гуфт аз узвияти Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон берун меравад.

Ӯктами Холиқназар моҳи октябри соли гузашта ба сини 80 расида буд.

Раҳбарӣ ва аҳли эҷоди гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" аз марги ин донишманди варзида ва нависандаи маъруф андӯҳгин буда, ба пайвандону наздиконашон дар ин мусибати азим сабру шикебойӣ мехоҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...