Дар Хуҷанд терминалҳои пулгузарониро ғорат мекунанд

Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд терминалҳои пулгузаронии «Бонки Эсхата» ва «Душанбе ситӣ»-ро ғорат кардаанд. ВКД чанд нафарро бо ҷурми даст доштан дар ин кор боздошт кардааст.

Пулиси шаҳри Хуҷанд се ҷавонро, ки интизор меравад аз терминалҳои пулгузаронии «Бонки Эсхата» ва «Душанбе ситӣ» пулҳоро дуздидаанд, боздошт кардааст. 

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, гумонбарон бародарон Сайҳун ва Абдумаҷид Абдуманоновҳо ва ҳаммаслаки онҳо Суҳроб Ҷӯраев истиқоматкунандагони шаҳри Хуҷанд будаанд, ки бо роҳи кушодани сарпӯш аз 7 терминали пулгузаронии “Бонки Эсхата”,  “Душанбе ситӣ” ва“Экспрес пей” дар ҳудуди маҳаллаҳои 13, 18, 20 ва 28-и шаҳри Хуҷанд, маблағҳои пулиро тасарруф кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, дуздӣ асосан шабона содир гардида, бо истифодаи асбоби металии мехкашӣ сарпӯши терминалҳоро кушода, дастгоҳи пулқабулкунӣ ба истилоҳ “КЕШ-код”-ро тасарруф намуда, баъди ба даст оварани маблағ ашёи «КЕШ-код»-ро мепартофтаанд. Ин гуруҳи сенафарӣ дар ҳар "амалиёти худ" аз 2 760 сомонӣ то 12 ҳазор сомонӣ зарари фаннӣ ва пулиӣ расонидаанд. 

– Масалан, санаи 14-уми декабр аз терминали назди мағозаи “Доро”, воқеъ дар кӯчаи Рифъат Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд гумонбаршудаҳо 7 518 сомонӣ тасарруф карда, дастгоҳҳои ҳисоб ва қабули пул, маҷмуан 4 953 сомонӣ арзиш доштаи терминалро шикаста корношоям кардаанд. Ё ин ки, бо ҳамин шева дар назди мағозаи “Сафия”, воқеъ дар маҳаллаи 28-ум зиёда аз 6 ҳазор сомонӣ тасарруф ва 4 900 сомонӣ зарари техникии молу мулкӣ расонидаанд, – хабар медиҳад ВКД. 

Нисбат ба ин се ҷавон тибқи моддаи 244 (ғоратгарӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.