Дар Хуҷанд терминалҳои пулгузарониро ғорат мекунанд

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд терминалҳои пулгузаронии «Бонки Эсхата» ва «Душанбе ситӣ»-ро ғорат кардаанд. ВКД чанд нафарро бо ҷурми даст доштан дар ин кор боздошт кардааст. Пулиси шаҳри Хуҷанд се ҷавонро, ки интизор меравад аз терминалҳои пулгузаронии «Бонки Эсхата» ва «Душанбе ситӣ» пулҳоро дуздидаанд, боздошт кардааст.  Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, гумонбарон бародарон Сайҳун ва Абдумаҷид […]

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд терминалҳои пулгузаронии «Бонки Эсхата» ва «Душанбе ситӣ»-ро ғорат кардаанд. ВКД чанд нафарро бо ҷурми даст доштан дар ин кор боздошт кардааст.

Пулиси шаҳри Хуҷанд се ҷавонро, ки интизор меравад аз терминалҳои пулгузаронии «Бонки Эсхата» ва «Душанбе ситӣ» пулҳоро дуздидаанд, боздошт кардааст. 

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, гумонбарон бародарон Сайҳун ва Абдумаҷид Абдуманоновҳо ва ҳаммаслаки онҳо Суҳроб Ҷӯраев истиқоматкунандагони шаҳри Хуҷанд будаанд, ки бо роҳи кушодани сарпӯш аз 7 терминали пулгузаронии “Бонки Эсхата”,  “Душанбе ситӣ” ва“Экспрес пей” дар ҳудуди маҳаллаҳои 13, 18, 20 ва 28-и шаҳри Хуҷанд, маблағҳои пулиро тасарруф кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, дуздӣ асосан шабона содир гардида, бо истифодаи асбоби металии мехкашӣ сарпӯши терминалҳоро кушода, дастгоҳи пулқабулкунӣ ба истилоҳ “КЕШ-код”-ро тасарруф намуда, баъди ба даст оварани маблағ ашёи «КЕШ-код»-ро мепартофтаанд. Ин гуруҳи сенафарӣ дар ҳар "амалиёти худ" аз 2 760 сомонӣ то 12 ҳазор сомонӣ зарари фаннӣ ва пулиӣ расонидаанд. 

– Масалан, санаи 14-уми декабр аз терминали назди мағозаи “Доро”, воқеъ дар кӯчаи Рифъат Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд гумонбаршудаҳо 7 518 сомонӣ тасарруф карда, дастгоҳҳои ҳисоб ва қабули пул, маҷмуан 4 953 сомонӣ арзиш доштаи терминалро шикаста корношоям кардаанд. Ё ин ки, бо ҳамин шева дар назди мағозаи “Сафия”, воқеъ дар маҳаллаи 28-ум зиёда аз 6 ҳазор сомонӣ тасарруф ва 4 900 сомонӣ зарари техникии молу мулкӣ расонидаанд, – хабар медиҳад ВКД. 

Нисбат ба ин се ҷавон тибқи моддаи 244 (ғоратгарӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.