Боз баҳси пули ҳангуфти барқ дар Хуҷанд: мақомот хунукиро гунаҳкор мекунанду коршиносон шиддати барқро

Муштариёни Шабакаҳои барқи Хуҷанд дар вилояти Суғд аз якбора зиёд ҳисоб шудани маблағи истифодаи барқ дар охирҳои соли гузашта нигарон ҳастанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин мавзуъ баҳси тундеро ба миён гузошт ва корбаре навиштааст, ки “Шумо акнун фаҳмидед, медузданд ва бо ҳаловат”.  Дар посух масъулин мегӯянд “мо маблағи ягон киловатт барқи аҳолиро аз нишондод берун талаб […]

Муштариёни Шабакаҳои барқи Хуҷанд дар вилояти Суғд аз якбора зиёд ҳисоб шудани маблағи истифодаи барқ дар охирҳои соли гузашта нигарон ҳастанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин мавзуъ баҳси тундеро ба миён гузошт ва корбаре навиштааст, ки “Шумо акнун фаҳмидед, медузданд ва бо ҳаловат”.  Дар посух масъулин мегӯянд “мо маблағи ягон киловатт барқи аҳолиро аз нишондод берун талаб намекунем.” Аммо коршиносони соҳа назари дигар доранд.

Илҳом Усмонов,  корбаре дар саҳифаи фейсбукии худ ишора ба шабакаҳои барқии Хуҷанд гуфтааст “ё ин ки Шумҳо маблағи барқи истифода бурдаи худатонро ба гардани мардум бор мекунед?” Ӯ аз он нигаронӣ кардааст, ки дар моҳи декабр ҳисоби маблағи барқ дар хонааш назар ба моҳи ноябри соли гузашта беш аз 100 сомонӣ зиёд шудааст, ки бе ин ҳам маблағи зиёд барои барқ медодааст.

Моҳи ноябр пули барки ман 1130 сомонӣ буд, моҳи декабр 1233 сомонӣ шуд. Ҳол он ки ман пули барқи моҳи ноябрро ба инобат гирифта як гармкунаки барқиро кор нафармудам. Ба ғайри ин 10 рӯзи моҳи декабр барқро аз соати 9 то 16 хомӯш мекарданд”.

Корбаре дар посух гуфтааст, ки “ягон фабрика доредмӣ хонаба, ин қадар маблағ”.

Баҳси зиёд ҳисоб шудани маблағи барқ ҳамасола дар фасли зимистон, бахусус дар шаҳри Хуҷанд нигарониҳои зиёди муштариёнро дар миён меоварад. Инро масъулини шабакаҳои барқӣ низ инкор намекунанд ва мегӯянд, тӯли панҷ соли ахир дар Хуҷанд системаи биллингии барқрасонӣ амал мекунад ва ҳисоби барқу маблағи он тариқи автоматӣ ҳисоб мешавад.

Масъулини “Шабакаҳои барқи Хуҷанд” мегӯянд, барои ҳисоби барқ аз рӯи кори ҳисобкунаки барқӣ маблағ гирифта мешавад ва мо маблағи ягон киловат барқи аҳолиро аз нишондод берун талаб намекунем.

Насрулло Усмонов, сардори шӯъбаи назорат ва корбарии Шабакаҳои барқи Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт зиёд ҳисоб шудани маблағи барқ дар хонаҳо ба сардии ҳарорати ҳаво вобаста аст. Ӯ гуфт моҳи декабр назар ба солҳои қаблӣ сард омад ва муштариён 99 миллиону 500 ҳазор киловатт/соат барқ истифода бурданд. Ин рақам дар моҳи ноябри соли гузашта 67 миллион киловатт/соатро ташкил медод. Вай мегӯяд, ҳамаи ин барқ барои гарм кардани хонаҳо сарф шудаааст.

Фарқ байни моҳҳои ноябр ва декабр як масъалае ҳаст, ки аз обу ҳавои муҳит вобаста аст. Мисол, тахминан аз 15-уми ноябр сардӣ оғоз шуд. Яъне, ки то ин сана ҳаво мӯътадил буд ва дастгоҳҳои барқӣ бо иқтидори зиёд барқро сарф намекард. Моҳи декабр ба пуррагӣ ҳаво нисбати соли гузашта хело сард омад ва аз ин сабаб мардум бештар барои гарм кардани хонаҳои худ дастгоҳҳои барқиро истифода бурданд. Аз ин рӯ нисбати моҳи ноябр қабули нерӯи барқ дар Хуҷанд батадриҷ зиёд шуд. Чи қадаре, ки ҳарорти берун сард шуд, танаффуси гармкунии таҷҳизоти гармкунак фосилааш маҳдуд ва кораш зиёд мешавад, ки барқро низ бисёр сарф мекунад. Вақте, ки соати кории таҷҳизотҳои барқӣ зиёд шуд фарқи ҳисоби маблағ назар ба моҳҳои пештара зиёд мешавад”.

Дар ҳоле масъулини Шабакаҳои барқ омили зиёд ҳисоб шудани барқро ба сардии ҳаво вобаста мекунанд, ки баъзе аз муштариён ҳисобкунакҳои нави электронии насбшуда дар манзилҳояшонро далели ин медонанд. Аммо мутахассисон ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд дар кори ҳисобкунакҳои рақамӣ ҳеҷ халал ё нуқсоне пайдо нашудааст.

Мушкил сари сардии ҳаво ё шиддати барқрасонӣ?

Аммо коршиносн дар ба миён омадани ин вазъ далелҳои дигарро ҳам пеш мегузоранд.

Анӯшервон Каримов, муҳандиси фановариҳои навин мегӯяд, агар як мушкил сари сардии ҳаво бошад, мушкили асосӣ, ки касе таваҷҷӯҳ накардааст дар шиддати пасти барқрасонӣ аст.  Ӯ гуфт, то ҳол касе аз масъулин сабаби асосии якбора дар фасли сармо зиёд ҳисоб шудани барқро дақиқан нагуфтааст ва намегӯяд. Ин муҳандис мушкили асосиро сари шиддати пасти барқ медонад, ки дар натиҷа соатҳои тӯлонӣ дастгоҳҳои барқ кор карда боис ба зиёд ҳисоб шудани маблағи барқ низ гаштааст. 

“Ҳоло шиддати барқ дар хонаи ман 185-190 кВт соат омада истодааст аз они ҳамсоямон 160 кВт соат. Вақте, ки шиддати барқ паст аст дастгоҳҳои барқӣ якмаром бетанаффус кор карда истодааст. Агар 220 кВт соат шиддати барқ бошад ҳамин гармкунаки барқӣ бояд дар 15 дақиқа як бор чанд дақииқа хомӯш шавад, ҳоло ин тавр нест ва якмаром беист кор карда истодааст, ки бар зарари мардум низ ҳаст”. 

Коршиносон соҳа бар он назаранд, ки дар фасли сармо бинобар танзими барқрасонӣ масъулини идораи барқ шиддати онро паст мекунанд, ки дар натиҷа бар зиёни аҳолӣ меанҷомад.

Аммо масъулини барқрасонӣ мегӯянд дар фасли сармо бинобар афзудани талабот ба нерӯи барқ хоҳу нохоҳ ба шиддати он таъсир мерасонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.