Дар Тоҷикистон Google-у Facebook-ро андоз бастанд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Тағйирот ба Кодекси андози Тоҷикистон вобаста ба “андозбандии Google”, ки дар онҳо андозбандии хизматрасониҳои электронӣ пешбинӣ мешавад, аз 16 январ мавриди амал қарор мегирад. Ба корбарони ҳамёнҳои электронӣ, аз ҷумла “Алиф Бонк” аллакай огоҳинома ирсол шудааст, ки пардохтҳоро барои реклама дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳои онлайнӣ, доменҳои хориҷӣ ва хостингҳо то 15 январ мебояд анҷом дод.

Тибқи маълумоти Вазорати адлия, қонуни ҶТ “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози ҶТ” рӯзи 9 декабр аз ҷониби палатаи болоии парлумон маъқул дониста шуда, 17 декабри соли 2020 президенти ҷумҳурӣ онро ба имзо расонид.

Мутаносибан тағйироту иловаҳо аз 16 январи соли 2021 – як моҳ пас аз нашри расмӣ мавриди амал қарор мегиранд.

Дар сомонаи Кумитаи андози ҷумҳурӣ дар ин робита қайд мешавад, ки ин тасмим дар робита ба рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва савдои интернетӣ гирифта шудааст ва ҳангоми ворид намудани тағйирот ба Кодекс, таҷрибаи беҳтарини кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Испания ва ғайра истифода шудааст.

Мувофмиқи тағйироту иловаҳо, шахсони хориҷӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон мустақиман ба пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ машғуланд, ба пардохти ААИ дар ҳаҷми 18% ба буҷети кишвар уҳдадор мешаванд.

Ғайр аз ин, тибқи навовариҳо, расмиёти бақайдгирии иҷрокунандагони хизматрасониҳои электронӣ, ки мустақиман ба ин кор машғуланд, инчунин миёнаравҳо (агентҳо)-и андоз аз ҷониби мақомоти андоз бар асоси ариза дар бораи ба қайд гузоштан амалӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ариза бояд на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз замони оғози пешниҳоди хизматрасониҳо дода шавад.

Лекин ҳоло маълум нест, ки Google, Facebook ва дигар ширкатҳои бузурги машғул ба хизматрасониҳои электронӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар ин бора огоҳ карда шудаанд ва оё онҳо расмиёти бақайдгириро анҷом додаанд ё на.

Аммо “Алиф Бонк” муштариёни худро дар ин хусус аллакай огоҳ кард:

“Аз 16 январ хизматрасониҳое чун пардохти маблағи шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳои онлайнӣ, доменҳои хориҷӣ ва хостингҳо дар робита ба тағйирот дар қонунгузории андоз дастнорас мешаванд. Агар шумо аз ин хизматрасониҳо истифода мекарда бошед, пас тавсия медиҳем, ки пардохтҳои заруриро то 15 январ анҷом диҳед”, – гуфта мешавад дар огоҳиномаи ҳамёни электронии Alif mobi.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.