Кумаки БОР ба рушди энергетика ва навсозии роҳҳои Тоҷикистон

Бонки осиёии рушд (БОР) ба ҳукумати Тоҷикистон барои татбиқи Барномаи рушди соҳаи энергетика, инчунин лоиҳаи “Устувории шабакаи роҳҳо” бебозгашт кумак мекунад. Лоиҳаҳои дахлдори созишномаҳои грантӣ байни ҷонибҳо омода шуда, президенти Тоҷикистон бо амрҳои худ дастур додааст, ки сана ва макони имзои созишномаҳои зикргардида мувофиқа шавад. Охири соли гузашта зикр гардида буд, ки БОР барои Тоҷикитсон […]

Бонки осиёии рушд (БОР) ба ҳукумати Тоҷикистон барои татбиқи Барномаи рушди соҳаи энергетика, инчунин лоиҳаи “Устувории шабакаи роҳҳо” бебозгашт кумак мекунад.

Лоиҳаҳои дахлдори созишномаҳои грантӣ байни ҷонибҳо омода шуда, президенти Тоҷикистон бо амрҳои худ дастур додааст, ки сана ва макони имзои созишномаҳои зикргардида мувофиқа шавад.

Охири соли гузашта зикр гардида буд, ки БОР барои Тоҷикитсон кумаки бебозгаштро ба маблағи 105 млн доллар маъқул донист. Маблағҳо барои ислоҳот ва баланд бардоштани устувории молиявии бахши энергетикаи ҷумҳурӣ равона мешаванд.

Дар ислоҳот тақсимшавии “Барқи тоҷик” ба се ширкати мустақили истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ, инчунин ҳалли мушкили қарзҳои беҳад зиёди ширкат пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, дар бораи аз ҷониби БОР ҷудо шудани 67 млн доллар барои таъмиру навсозии қитъаҳои роҳи мошингарди дар вилояти Хатлон: Данғара-Оқмазор (28,7 км) ва Ҳулбук-Кангурт (59,5 км) хабар дода шуда буд.

Ҳадафи аслӣ аз татбиқи лоиҳаи мазкур ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани ин қитъаҳои роҳ, таъмини бехатарӣ дар роҳ ва беҳбуди алоқаҳои байнулмилалӣ унвон мешавад.

Қобили зикр аст, ки БОР соли 2020 нақшаи индикативии дастгирии бебозгаштро ба Тоҷикистон барзиёд иҷро кард: ҷумҳурӣ ба ҷойи 140 млн доллари пешбинишуда 320 млн доллар кумаки молиявӣ гирифт.

Шурӯъ аз соли 2018 Тоҷикистон аз БОР танҳо бар асоси бебозгашт кумак дастрас мекунад, то ки уҳдадориҳои нави молиявӣ сандуқи қарзии бе ин ҳам зиёди Тоҷикистонро душвортар нагардонанд.

БОР яке аз бузургтарин мададрасонони Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз соли 1998 то ин дам Бонки мазкур ба Тоҷикистон зиёда аз 1,9 млрд доллар ҷудо кардааст, ки беш аз нисфи он ба грантҳо рост меояд.

Давоми солҳои 2021-2023 ин ниҳоди молиявӣ дар шакли грант ба Тоҷикистон ҷудо кардани зиёда аз 323 млн долларро ба нақша гирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.