Имтиёздорон-2021 дар Тоҷикистон: Толеъи киҳо баландӣ кард?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон Тартиби пешниҳоди имтиёзҳо аз пардохти андоз ва боҷи гумрукиро тасдиқ намуд. Санад бо қарори ҳукумат аз 31 декабри соли 2020 маъқул дониста шудааст.

Санад талабот барои додани имтиёз, инчунин арзёбии самаранокии имтиёзи пешниҳодшуда ё пешниҳодмешударо муайян ва танзим мекунад.

Мувофиқи тартиботи қабулшуда, таҳлили аввалияи самаранокии имтиёзҳо аз ҷониби мақомоти андоз ва гумрук гузаронида мешавад.

Натиҷаҳои баҳодиҳии ин мақомот бояд ҳар сол то 1 майи соли минбаъда ба мақомоти ваколатдор (Вазорати молия, – Идора) пешниҳод шаванд, ки дар навбати худ, ба ҳукумат пешниҳод дар бораи бекор кардани имтиёзҳои бесамар ё тамдиди муҳлати имтиёзҳои самаранок пешниҳод омода мекунад.

Бо назардошти арзёбии ниҳоии имтиёзҳо қисмати даромади буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ таҳия мешавад.

Ҳудуди 70%-и ҳамаи даромадҳои буҷети кишварро воридоти маблағ аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ ташкил медиҳанд.

Дар баробари имтиёзҳои бесамар, бо ин санад пешниҳоди имтиёзҳои инфиродӣ, яъне имтиёзҳо ба корхона ва ташкилотҳои ҷудогона манъ мешавад.

Дорандаи бештар ҷолиби имтиёзҳои инфиродӣ фармоишгар ва паймонкори кулли меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” мебошад, ки аз соли 2006 дар қисмати марказии пойтахт мавриди сохтмон қарор дорад.

Тартиботи қабулшуда ҳамагӣ аз 6 боб: муқаррароти умумӣ; ҳадафҳои пешниҳоди имтиёз; навъҳои имтиёз ва талабот ба пешниҳоди онҳо; ташкили ҷараёни арзёбии самаранокии имтиёз; баҳисобгирӣ ва назорати имтиёзҳо ва муқаррароти ниҳоӣ иборат аст.

Имтиёздорон-2021. Киҳоянд онҳо?

Дар қонун дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар 16 банд барои корхона ва ташкилотҳои ҷудогона имтиёзҳо аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ пешбинӣ шудаанд.

Имтиёзҳо, аз ҷумла ба воридкунандагони гандум (ба ҷуз истеҳсолкунандагони машрубот), техника ва воситаҳои махсуси нақлиёт, ки аз ҳисоби буҷет харида мешаванд, КВД “Оид ба истеҳсол, харид, зхаира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе”, воридкунандагони мазут барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳӣ ва ангишт барои ноҳияи Мурғоб пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин барои фармоишгарон ва бинокорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ”, Театри миллии Тоҷикистон имтиёзҳои муайян муқаррар шудаанд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастаҳои футбол низ аз пардохти баъзе андозҳо озод карда шудаанд.

Варақаҳо (бланкҳо)-и шиносномаҳо, ки дорандаи маълумоти электронӣ мебошанд ва баъзе навъҳои тухмиҳои кишоварзӣ бар асоси имтиёзҳо ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд.

Ба филиали ширкати Тгасtеbеl Еngineering S.А., ки дар майдони сохтмони неругоҳи “Роғун” кор мекунад, низ имтиёзҳо дода шудаанд.

Ғайр аз ин, имсол воридкунандагони маводу масолеҳ, ки барои сохтмони 10 қароргоҳ барои қабули меҳмонони воломақом оварда мешаванд, қисмҳои эҳтиётӣ, молу маҳсулот ва қисмҳои ҷудогона аз ҷониби ҶСШП “Агротехсервис” аз имтиёзҳо истифода карда метавонанд.

Ҳамчунин масолеҳи сохтмон, молу маҳсулот ва таҷҳизот барои бунёди гармхонаҳои муосир, ки номгӯйи онҳо аз ҷониби ҳукумат тасдиқ мешавад, низ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва баъзе андозҳо озод карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...