Бохтар: қурутоб дар табақи масоҳаташ 1,36 метр

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар шаҳри Бохтар – маркази маъмурии вилояти Хатлон рӯзи 23 январ ҷашни миллии Сада таҷлил гардид.

Дар майдони назди Театри ба номи Ато Муҳаммадҷонов намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии деҳқонони вилоят ташкил шуда, инчунин техникаи кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар ин чорабинӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва муовини аввали вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Саъдӣ Каримзода ҳузур доштанд.

Зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки зиёда аз 48%-и маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол мешавад, аз ҷумла 80% – сабзавоту 64% – зироати ғалладона.

Раиси вилоят ҳамчунин илова кард, ки соли 2020 дар ин минтақа ба маблағи умумии 16 млрд 285 млн сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ парвариш ёфтааст.

Соли гузашта дар вилояти Хатлон 985 ҳазор тонна зироати ғалладона, 278 ҳазор тонна пахта, 1 млн 471 ҳазор тонна сабзавот, 202 ҳазор тонна мева ва 1 ҳазору 107 тонна ангур истеҳсол шудааст.

Раиси вилоят ҳамчунин ба кишоварзони фаъолу пешқадам ва пешсафони истеҳсолот ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим кард.

Ёдрас мекунем, ки бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2017 ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова қабул намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30 январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада таҷлил мегардад. Дар ҷашни Сада рӯзи истироҳат муқаррар нашудааст.

Дар намоишгоҳ калонтарин қурутоби пухташуда аз ноҳияи Темурмалик пешкаш гардид, ки масоҳати табақи он ба 1,36 метр баробар аст.

Сада ҷашни қадимию суннатии мардуми  тоҷик ба шумор рафта, аз гузаштагонамон мерос мондааст.  Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Қаюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд мебошад. Ба ақидаи олимон, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.

Ҷашни Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, 10-уми баҳманмоҳ (30 январ) ҷашн гирифта мешавад.

Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3-ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...